Имрӯз, 12-уми декабр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Инятсио Кассис, Президенти Конфедератсияи Швейтсария ба муносибати 30 солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.
“Тоҷикистон Швейтсарияро яке аз шарикони боэътимоди худ дар самти Аврупо дониста, ба ояндаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, ки дар марҳалаи рушди босубот қарор гирифтаанд, назари нек дорад”, – гуфта мешавад дар барқия.
Дар идома зикр мешавад, ки Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди пешбурди самарабахши муносибатҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳаст ва омода аст, ки бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ба раванди таҳкиму тавсеаи онҳо такони тоза бахшад.