Имрӯз, аз қатли Муҳиддин Олимпур, хабарнигор, аксбардори шуҳратёри тоҷик 27 сол гузашт. Ӯ шаби 12 ва 13-уми декабри соли 1995 дар як шароити мармуз дар маркази Душанбе ба қатл расонида шуд ва бо гузашти беш аз 25 сол, ангеза ва фармоишгарони қатли ӯ маълум нест. Ҳарчанд қотилон дастгир ва паси панҷара рафтанд.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки дар солгарди қатли ин рӯзноманигори соҳибном, рӯзҳои охири зиндагии ӯ, аз ҷумла он шаби наҳси 12-13-уми декабри соли 1995-ро бо гирдоварии ёддошти дӯстону наздикону ҳамкасбонаш ба нашр расонад.
“Эҳтимол Олимпур қотилони худро мешинохт”
Мардони Муҳаммад, хабарнигори собиқи “ББС” ва яке аз ҳамкорону дӯстони Муҳиддин Олимпур, ки чанд соат пеш аз қатлаш ҳамроҳ будааст, дар суҳбат бо нашрияи “Тоҷикистон” гуфтааст, ки рӯзи 12-уми декабр Муҳиддин Олимпур аз ӯ ва Нурмуҳаммад Холзода хоҳиш кард, то ба ӯ барои интихоби аксҳои мувофиқ ҷиҳати иштирок дар намоиши аксҳояш дар Эрон, кӯмак кунанд.
“Ҳамин тавр, мо то дер дар коргоҳ мондем… Чун корамон ба охир расид, ҳар се аз дафтар берун шудем. Олимпур гуфт, ки автобус интизор мешавад, мо бошем хайрухуш карда пиёда ба хона рафтем. Саҳар вақте кор омадам, хабари марги Олимпурро шунидам… Ҳамин лаҳза нависанда Ӯрун Кӯҳзод вориди офиси мо шуда, гуфтанд: Олимпурро дар назди ҷазира ба қатл расонида, ҷасадаш дар ҷӯйбор аст. Рафта ӯро саришта кунед… Вақте мо ҷониби ҷазира давидем, аз пешамон чанд корманди милитсия баромад. Онҳо аллакай Олимпурро бурда буданд”, – нақл кардааст Мардони Муҳаммад.
Ба гуфтаи номбурда, ба эҳтимоли зиёд Муҳиддин Олимпур қотилони худро мешинохт, зеро ба мошини онҳо савор шуда, аз Иттифоқи нависандагон то ба маҳаллаи «Ҷазира» омадааст.
“Ӯ аз истгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба автобус не, ба мошин савор шудааст. Яъне ӯ ронандаи мошинро мешинохт… Ҷузъиёти марги Олимпурро нагуфтанд, аммо овозаҳо буд, ки ӯро киллери касбӣ бо ду тир куштааст”, – афзуда буд ӯ.
Фарзияи мақомоти тафтиш чандон боварбахш нест
Салими Аюбзод ва Носирҷон Маъмурзода соли 2007 дар як гузориши муфассал дар Радиои Озодӣ навиштаанд, ки мақомоти тафтишотӣ ангезаи ин кушторро ба таври комил шарҳ надоданд ва “агар ҳатто афроди айбдоршуда ва ин боздоштшудаи нав дарвоқеъ қотилони Олимпур бошанд ҳам, фармоишгарони ин куштор дар паси парда боқӣ мондаанд”.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки фарзияи мақомоти тафтиш начандон боварбахш аст.
“…Олимпур дар фаъолияти хабарнигорияш кӯшиш мекард, ба мавзӯъҳои сиёсӣ ва ҳассос дахл накунад. Ва ӯ мавзӯъҳои фарҳангиро хуш дошту аз низоъ, хусумат ва зиштиҳо фирор мекард. Аз сӯи дигар, ривояти ин ки чунин шахси боэҳтиёт чӣ гуна розӣ шудааст, бо афроди ношиносе аз коргоҳаш берун равад ва он ҳам дар ҳоле ки дар кишвар ҷангу хунрезӣ идома дорад, низ шубҳабарангез мебошад. Ҷасади ӯ субҳи рӯзи дигар ёфт шуд ва гуфта мешавад, ҳодиса шомгоҳон ё шабона ба амал омадааст.
Оё муфаттишон гуфта метавонанд, ки дар чандсадметрии кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна амнияте вуҷуд надоштааст, ки шахсеро дар ин ҷо ба зарби гулӯла бикушанд? Яке аз пизишкони осебшинос, ки дар колбадшикофии ҷасади Олимпур ширкат кардааст, мегӯяд, дар меъдаи ӯ палаве буд, ки шоми он рӯз ва соате пеш аз кушта шуданаш истеъмол шудааст. Ин нишон медиҳад, ки шояд ӯ аз зиёфате баргаштааст ва ё кушандагонаш пеш аз марг ӯро бо баҳонае ба нони шом бурдаанд. Вале дар парванда ба ин ҷузъиёт диққат дода нашудааст”, – гуфт мешавад дар гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ.
Писари Олимпур: “Аз ҷараёни таҳқиқ пурра қонеъ нестем”
Дар ҳамин ҳол, Бобо Олимпур, писари Муҳиддин Олимпур соли 2018 гуфта буд, ки баъди содир шудани ҳукми қотилони падараш ҳам онҳо аз ҷараёни таҳқиқ пурра розиву қонеъ нашуданд.
“Дар мурофиа ширкат карда будем ва се нафар аз 10 то ба 15 сол ба зиндон маҳкум шуданд. Албатта, мо чандон аз ин ҳукм қаноатманд набудем, зеро онҳо аллакай падари моро кушта буданд ва ҳеҷ ҳукме наметавонад дарди фавти падарамро даво бахшад”, – афзуда буд писари Муҳиддин Олимпур.
Бо вуҷуди номушаххасӣ дар ҷараёни тафтишот ва маълум нашудани фармоишгарони қатли Олимпур, ҳамкасбону дӯстонаш аз ӯ як шахси фарҳангӣ, зиёӣ ва нафаре, ки барои рушди рӯзноманигорӣ ва аккосӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоштааст, ёдоварӣ мекунанд.
“Олимпур яке аз пешоҳангони журнализми тоҷик буд”
Аз ҷумла, Салим Аюбзод, яке аз дӯстони Олимпур ва роҳбари имрӯзаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар як навиштаи худ таҳти унвони “Лабханди ҳамешсабзи фарзанди навбаҳор” аз Муҳиддин Олимпур ба некӣ ёдоварӣ карда, навиштааст, ҳаргиз надидааст, ки Олимпур лаҳзае хашмгин ё малулу афсурда шуда бошад.
Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», хабаргузории “Ховар” ва ҳамчунин ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст. Солҳои 1990-1995 Муҳиддин Олимпур мудири дафтари радиои ББС дар Душанбе буд. Олимпур муаллифи ду китоб ва силсилаи барномаҳои радио ва телевизионӣ буда, барои гузоришҳо ва аксҳои нотакрораш барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шудааст. Барномаҳои ӯ – “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” ва "Ситораҳо Шарқ” – аз шоҳкорҳои журналистикаи телевизионии тоҷик эътироф шудаанд. Муҳиддин Олимпур 12 декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Мақомот дар қатли Муҳиддин Олимпур 5 узви дастаи Нозим Юнусов, маъруф ба Эшони Нозим, як фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳонро гунаҳкор карданд ва аксари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Ба таъкиди вай, ӯ аз зумраи касоне буд, ки умед ба накӯӣ ҳаргиз таркашон намекард ва дар бадтарин лаҳзаҳо байтҳои Саъдӣ ва Ҳофизро ба ёд меовард.
“Касе буд, ки аз камтарин хубӣ ба осмонҳо парвоз мекард ва бо дидани камтарин зебоӣ ба важд меомад, одати кӯдаконаи тааҷҷубу таҳайюрро набохта буд. Талош мекард, бештар дар миёни дӯстонаш ё дар байни одамони зебо бошад ва аз кинатузону бадчеҳрагон канора меҷуст”, – навиштааст Аюбзод.
Номбурда афзудааст, ки ҳарчанд Муҳиддини Олимпур то қарни “Фотошоп” назист, аммо аксҳояш на он вақт, на имрӯз ва на фардо ба тағйиру такмили электронӣ ниёз надоштаанду нахоҳанд дошт.
“Зебоии одамон, шаҳру деҳ ва кӯҳу дамани кишвар аз чашми зебошиноси ӯ пинҳон намемонд. Гоҳо дар интизори дамидани субҳ шабҳоро дар кӯҳу дашт саҳар мекард ва ё соатҳо лаҳзаи парвози кабке ё нигоҳи ғизолеро мепоид. Садҳо бор тугмаи дастгоҳашро пахш мекард, ҳазорон акс мегирифт ва аз онҳо якеро барои бинандаҳояш бармедошт. Шоҳид будам, ки аз ин саҳнаи рақс ду навор акс гирифт, вале танҳо инро баргузид. Лаҳзаеро, ки дар нигоҳи бонуи арғуштӣ ишқ оташак зад”,- ёдоварӣ мекунад ин рӯзноманигори тоҷик.
Ӯ, ки чанд сол бо Олимпур дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” кор карда, дар коргоҳи нигорини ӯ буду дар беҳтарин маҳфили шеъру достон ва рақсу мусиқӣ бо Олимпур буд, мегӯяд, афроди бузурге аз дохилу хориҷ меҳмони коргоҳи ӯ мешуданд ва баъд хабари марги муфоҷояш ҳазорон нафарро дар Аврупову Амрико такон дод, садҳо мисраъ шеър барояш марсия шуд.
“Овозхони машҳур Гугуш, ки дар зиндагӣ сахтиҳои зиёде дидааст, гуфт, рӯзи марги Олимпур бадтарин рӯзи зиндагияш будааст. Саттор ҳар сол дар иди Наврӯз аз Олимпур зикри хайр мекунад ва ба ёд меорад, ки бо талошҳои Муҳиддин аввалин овозхони эронӣ шуд, ки дарҳои Тоҷикистонро боз кард. Боқири Муин ёдномаеро ба форсию инглисӣ зери унвони “Бинишвари тоҷик” ба нашр расонд”, – навиштааст Салим Аюбзод.
Номбурда Муҳиддин Олимпурро яке аз пешоҳангони журнализми тоҷик номида, гуфтааст, ки шаби 12-уми декабри соли 1995 шояд он лаҳзае буд, ки Муҳиддини Олимпур ҳам ба хашм омад ва ҳам афсурдаву андӯҳгин шуд. Вай дар он лаҳзаҳо бепаноҳии комили инсони бузургро дар баробари мили силоҳи ҷоҳилон ҳис кард. Ғам хӯрд, ки дигар чеҳраи зебои фарзандонашро нахоҳад дид ва дурахши нигоҳаш дар оинаи дурбини аккосияш хомӯш гашт. Дигар зебоиҳои мардумашу мулкашро рӯи навор нахоҳад овард.
“Дастони хунолуди шайтонӣ симои ӯро бо он лабханди зебояш аз манзараи умумие буриданду берун кашиданд, ки дар он фақат ҷасадҳо буданду ашку ғаму хуни баноҳақ. Акси ӯ ба ин манзара намегуфт. Акси ӯ ҷойи бениҳоят зиёдеро мегирифт…”, – хулоса кардааст Салими Аюбзод.
Муҳиддин Олимпур чашму чароғи дилбохтагиву худшиносист
Дар ҳамин ҳол, Дориюши Раҷабиён, яке аз рӯзноманигорони шинохтаи кишвар, ки ҳоло дар дафтари марказии “ББС” дар Лондон кор мекунад, дар васфи Олимпур навиштааст, ки чунин касеро намешавад дӯст надошту арҷ нагзошт. То дунё дунёст, Муҳиддин Олимпур барои мо чашму чароғи дилбохтагисту худшиносӣ аст.
Ӯ гуфтааст, ки ба ёди пешкисватам (пешравам) Муҳиддин Олимпур, ки дар авҷи зиндагиаш, нарасида ба панҷоҳсолагӣ пар заду раф, ҳисоби ашк рехтам.
Ба таъкиди вай, Олимпур одаме дигар буд, бо нигоҳе мутафовит; чи аз пушту зовияи дурбину чи дар нивиштаҳову барномаҳои шунидорию дидориаш.
“Дунёро чунон зебо медид, ки худ ба худ мафҳуми зебоии дунёро ба мухотабонаш мекӯчонд. Басанда буд сонияе чанд пои суҳбаташ бишинӣ, то бигӯӣ "Зиндагӣ зебост! Дуруд бар зиндагӣ! Зистан ҳунар аст!" Ҳам зебоии зиндагӣ дар ӯ табалвур дошт ва ҳам ҳунари зистан, ки ӯ дунёи худро сохта буду аз он лаззат мебурд”, – ёдоварӣ кардааст Дориюши Раҷабиён.
Номбурда афзудааст, ки дунёи Муҳиддин дунёи ишқу тарона буд; дунёи ҳамдилию ҳамзабонию ҳамбошӣ буд. Садову симое буд, ки мои кӯдаку навҷавонро бо худамон, бо дуруфтодагонамон, бо забонамон, бо ҳувийятамон ошно мекард. Бе баҳсу ҷору ҷанҷол, сирфан бо бозтофтани ҷилваҳои зебои зиндагӣ; бо намудан ва гоҳ бозофаридани зебоиҳо.
"Ситораҳои Шарқ"-и ӯ ахтарҳои фаровонеро дар осмони шӯравизадаи зеҳни мо дигарбора фурӯзон кард; маръӣ ё диданӣ кард; ва аз он роҳе, ки ӯ мегуфт, роҳаттар ба дарки худамон расидем, худамонро шинохтем, худамонро дӯст доштем…”, – гуфтааст ин рӯзноманигори тоҷик.
Бино ба омори Хазинаи гиромидошти журналистони тоҷик, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон беш аз 70 журналист кушта шудаанд, вале парвандаи қатли аксари онҳо пурра таҳқиқ нашудааст ва қотилони ин журналистонро ба ҷавобгарӣ накашидаанд.
Қотилони Муҳиддин Олимпур бошад, расман шинохта шудаву паси панҷараанд, аммо суоле, ки то ҳол дӯсторони ин аккоси шинохтаро ором намегузорад ин аст: Муҳиддини Олимпур чаро кушта шуд?