Бархурди тамошобинон ба намоиши филми тоҷикии “Дов” боиси сарусадои зиёд гардид. Коргардони филм аз бетаваҷҷуҳии аҳли зиё ба филмҳои тоҷикӣ нигаронӣ кард ва аҳолӣ ба пешниҳод нашудани филми хуб таъкид карданд.
Ҳамин тариқ, намоиши филми нав баҳси вазъи синамои тоҷикро, ки чанд сол аст давом дорад, дубора доғ кард.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки “Ток-шоу”-и навбатии худро ба мавзӯи “Вазъи кинои тоҷик: дирӯз ва имрӯз” бахшад. Мо масъулини “Тоҷикфилм”, коргардонҳои саршинос, мунаққидиони синамо ва тамошобинони фаъолро ба барнома даъват кардем, то ин масъаларо баррасӣ кунем.