Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи натиҷаҳои қаблии интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки рӯзи якшанбеи 8-уми феврал баргузор гардид, намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Амир Катаев бо касби 91,1 дарсади овози интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст овардааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии мамлакат Муҳибулло Додоҷонов хабар дод, ба ҷонибдории Катаев аз 55 ҳазору 393 интихобкунанда, 50 ҳазору 447 нафар овоз додааст. Ин дар ҳолест, ки ба тарафдории рақиби Катаев – Додихудо Абдуллоев аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
3 ҳазору 765 нафар ё худ 6,7 дарсади овоздиҳандагон райъ доданд.
Ёдовар мешавем собиқ вакили Палатаи поёнии парлумони мамлакат аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Сино – Каримҷон Қодиров моҳи ноябри соли гузашта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб таъин гардид.