Маҷмаи Умумии СММ бо аксарияти овоз қатъномаи Русияро таҳти унвони “Мубориза бо ситоиши миллатгароӣ, миллатгароии нав ва дигар навъҳои амал, ки ба шиддатёбии шаклҳои нави нажодпарастӣ, табъизи нажодӣ, бегонаҳаросӣ ва таҳаммалнопазирии марбут ба он” қабул кард.
Мувофиқи натоиҷи раъйдиҳӣ, 120 кишвар ба ҷонибдории қатънома ва 50 давлат – мухолифи он овоз дода, кишварҳои боқимонда худдорӣ карданд. Ин рӯзи панҷшанбе, 15 декабр маълум шуд.
Миёни давлатҳое, ки мухолиф овоз доданд, ИМА, Олмон, Украина, Испания, Норвегия, Шветсия, Британияи Кабир, Лаҳистон (Полша), Ҷопон, Юнон, Канада, Гурҷистон, Маҷористон (Венгрия) ва дигар кишварҳо ҳузур доранд. Аз ҷумла, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистон худдорӣ намудаанд.
Тоҷикистон байни кишварҳое қарор дорад, ки аз қабули қатънома ҷонибдорӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки барои қабули қатънома ҷонибдории аз се ду ҳиссаи иштирокчиёни раъйдиҳӣ зарур буда, зимни ҳисоб овозҳои кишварҳои худдориварзида ба инобат гирифта намешаванд.
Дар қатънома, аз ҷумла даъват мешавад, ки ҷиҳати роҳ надодан ба “бозбинии натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва инкори ҷиноятҳо алайҳи башарият ва ҷиноятҳои ҳарбӣ” тадбирҳо рӯйи кор гирифта шавад.
Муаллифони қатънома инчунин истифодаи маводи таълимиро, ки дар онҳо нажодпарастӣ, бадбинӣ ва хушунат бар асоси мансубияти этникӣ, миллат, дин ва эътиқод таблиғ мешавад, маҳкум мекунанд. Дар санад даъват мешавад, ки ҳамаи шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ (табъиз) бо ҳама гуна воситаҳои имконпазир аз байн бурда шавад.