Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз маросими расмии сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Латвия бо истиқболи сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби президенти Латвия Валдис Затлер шурӯъ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» манбаъ аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлати Тоҷикистон хабар дод, сараввал гуфтушуниди як ба яки сарони кишварҳо баргузор шуда, сипас ба онҳо ҳайати васеъи ҷонибҳо ҳамроҳ гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар дидору гуфтушунидҳо ба масъалаи барқарорсозии сатҳи пешинаи ҳамкориҳо миёни давлатҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо барқарорсозӣ ва густариши ҳамкориҳоро дар бахши коркарди нахи пахта, чарм, пашм, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, азхудкунии захираҳои обӣ, рушди роҳҳои нақлиётӣ мухобирот ва сайёҳӣ
таъкид сохтанд.