spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ба Кодекси андози ҷумҳурӣ тағйирот ворид гардид



           

Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии лоҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ» баҳсҳои пурҷӯшу хурӯш сурат гирифтанд.





           

Зимни шарҳи моҳияти тағйироту иловаҳои воридшаванда ба кодекс раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор дошт, ки дар сурати дастгирии лоиҳа аз ҷониби намояндагони мардумӣ ба кодекс 79 тағйирот ворид хоҳад гашт, ки асосан ба масъалаи андозбандӣ ба сарватҳои зеризаминӣ ва захоири об марбут мебошанд. «Дар лоиҳа пардохти маблағ барои истифодаи об дар нерӯгоҳҳои хурди барқӣ пешбинӣ нагардидааст, вале пешниҳод мешавад, ки нерӯгоҳҳои бузург барои истифодаи об маблағ пардохт намуда, ҳамчунин барои истифодаи обҳои зеризаминӣ низ маблағи муайяне пардохт гардад», – гуфт ӯ.




           

Дар музокирот намояндаи мардумӣ Юсуфҷон Аҳмедов зикр кард, ки дар баъзе ноҳияҳо обҳои зеризаминӣ ба бахши кишоварзӣ таҳдид намуда, соҳаи манзили зист ва зерсохтори хоҷагиҳоро хароб месозанд ва дар чунин вазъ талаб кардани маблағ аз истифодаи обҳои зеризаминӣ мувофиқи мақсад нест. «Баръакс, мо бояд касонеро, ки ҷиҳати пешгирии хисороти обҳои зеризаминӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, дастгирӣ намоем», – гуфт ӯ.




           

Намояндаи мардумӣ Мирзошариф Саломиддинов дар суханрониаш изҳор дошт, ки дар сурати ҷорӣ гардидани пардохти маблағ барои истифодаи об аз ҷониби нерӯгоҳҳои бузург, ширкати «Барқи тоҷик»-ро лозим меояд, ки ба буҷаи давлатӣ 30 млн. сомонӣ зиёдтар андоз пардохт созад. «Тоҷикистон имрӯз дар шароити бӯҳрони энергетикӣ қарор дорад ва ба ҷорӣ сохтани пардохти маблағ барои эҳтиёҷоти энергетика роҳ набояд дод, зеро ҷумҳурӣ имрӯз баҳри бунёди иншооти гидроэнергетикӣ маблағ ҷустуҷӯ дорад ва бо ворид сохтани чунин тагйирот мо ба ин иқдом монеъа эҷод месозем», – гуфт намояндаи мардумӣ.




           

Ба ақидаи М.Саломиддинов, ҷорӣ сохтани чунин тағйирот ба афзоиши қиммати нерӯи барқ ва зиёд шудани ҳаҷми қарздории бахши энергетика аз андоз мусоидат хоҳад кард.




           

Зимни посух ба суолҳои намояндагони мардумӣ раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор дошт, ҷорӣ сохтани чунин тағйирот дар кодекс талаби давру замон аст ва он ҳангоми бунёди иншооти энергетикӣ амал нахоҳад кард ва танҳо пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот пардохта хоҳад шуд. Ӯ ёдовар шуд, ки имрӯз қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди мақомоти андоз ба 112 млн. сомонӣ баробар аст.




           

Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ намояндагони мардумӣ бо аксарияти овоз лоиҳаи пешниҳоднамудаи ҳукумат оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ-ро қабул карданд.

 



Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...