Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

70
70

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард.

Намояндаи шаҳрдорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҷои дар маводи мо зикргардида барои васеъ намудани терминали Чорбоғ бо мақсади беҳтар намудани зеррасохтори нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон ва меҳмонон ҷудо карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳрдорӣ зикр карданд, ки дар ҳоли ҳозир дар бораи макони нави боғи ҳайвонот маълумоти дақиқ мавҷуд нест.

Бобати дар назди терминали “Чорбоғ” сохта шудани боғи нави ҳайвонот ба “Азия-Плюс” коргароне, ки барои сохтмони иншоот ҷой омода мекунанд, хабар доданд.

“Айни замон дар ин ҷо корҳои омодасозии майдон, аз ҷумла сахту ҳамвор кардани замин идома доранд, – гуфт яке аз коргарон, ки нахост номаш ифшо шавад. – Мо дар бораи муҳлати анҷоми сохтмони иншоот ва нақшаҳои он хабар надорем. Ба мо танҳо супориш додаанд, ки майдонро барои сохтмон омода кунем ва гуфтаанд, ки дар ин ҷо боғи ҳайвонот сохта мешавад”.

Қобили зикр аст, ки хабарнигори «Азия-Плюс» зимни таҳияи матлаб чанд рӯз талош кард, ки аз шаҳрдории пойтахт маълумоти расмӣ дарёфт кунад. Ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт муроҷиат кунад. Дар он ҷо маълумотро на тасдиқ карданду на инкор.

Дар ҳамин ҳол, дар Сарраёсат ваъда доданд, ки баъдан мушаххас мекунанд, ки дар назди терминали “Чорбоғ” чӣ сохта мешавад – боғи ҳайвонот ё дигар иншоот ва ба мо хабар медиҳанд, лекин дигар ягон маълумот пешниҳод нашуд.

Дарёфти маълумот дар бораи сохтмони мавзеи нав дар боғи ҳайвоноти ҳозира дар Душанбе низ муяясар нашуд. Танҳо пас аз нашри матлаби “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе занг зада, хабар доданд, ки маълумот асоси воқеӣ надорад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...