Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азии-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ озими Русия мегардад.
Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳадаф аз сафар суръат бахшидан ба амалисозии қарордодҳое мебошад, ки оид ба онҳо зимни сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта тавофуқ ҳосил гардида буд.
Дар ҷараёни сафар ба шаҳри Маскав масоили ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ ва низомиву техникӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти Кремл иттилоъ медиҳад, ки зимни гуфтушуниди сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои муносиботи дуҷониба, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дигар масоили муҳими мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба нақша гирифта шудааст.