Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ, ки дирӯз бо сафари расмии ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуд.
Масоили ҳамкории Тоҷикистону Яман нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ баррасӣ шуд.
«Дар баробари робитаҳои дерини таърихӣ ва пайвандҳои зиёди фарҳангию маънавӣ кишварҳои дӯсти мо манфиатҳои амалан муштарак дар сатҳи минтақа, ҷаҳони ислом ва ҷомеаи байналмилалӣ доранд», – изҳор намуд дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Боло бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг салоҳ дониста шуд.
Роҳу воситаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб ба таври муфассал муҳокима гардид.
Ҳар чӣ зудтар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои дуҷониба амри муҳиму зарурӣ шумурда шуд.
Рушди босуръати Тоҷикистон, оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои зиёди судманди он заминаи хуб барои
густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар маънидод гардид.
Густариши бештари ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ мувофиқи мақсад дониста шуд, зеро табибони тоҷик дар Яман
бо ҳунару маҳорати баландии касбии худ кайҳо боз миёни мардуми ин кишвар эҳтирому маҳбубият пайдо намудаанд.
Ҷониби Тоҷикистон баҳри қабули донишҷӯёни Яман дар муассисаҳои олии таълимӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино изҳори омодагӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ
изҳор дошт, ки
дастовардҳои намоёни Тоҷикистон дар солҳои роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар барқарорсозии сулҳу субот ва таъмини рушду нумӯи иқтисодию иҷтимоӣ боиси ифтихори мо ва дигар кишварҳои мусулмонӣ аст.
Ҳарду ҷониб зарурати эҳёи робитаҳои бародаршаҳрии миёни
Душанбе ва Санъоро таъкид намуданд.
Қарор карда шуд, ки дар Яман аз ҳисоби яке аз сафоратҳои дар кишварҳои араб мавҷудбудаи Тоҷикистон намояндагӣ кушода
шавад.
Дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ва шароити бӯҳрони глобалии молиявӣ ҳамкории васеи кишварҳои мусулмонӣ амри зарурӣ шумурда шуд.
Баъди анҷоми мулоқотҳо ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Яман оид ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ имзо гузоштанд.
Ҳамчунин як Созишнома миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Яман оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид.
Сипас сарони давлатҳои Тоҷикистону Яман
– Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ дар назди хабарнигорони сершумори дохилию хориҷӣ изҳороти матбуотӣ баён дошта, аз натиҷаи мулоқотҳои расмӣ арзи қаноатмандӣ карданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.