Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ба ду лижарони тоҷик – Алишер Қудратов ва Андрей Дригин идрорпулии Кумитаи байнулмилалии олимпии «Ванкувер-2010» таъин гардид. Чанде қабл дар бинои Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон маросими расмии имзои созишнома миёни КМО ҶТ ва Кумитаи банулмилалии олимпӣ баргузор шуд.
Чӣ тавре ки ноиби президенти КМО Ширинҷон Маҳмадсафоев дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ҳар моҳ ба ҳар яке аз лижаронон 1,5 ҳазор $ идрорпулӣ ҷудо мегардад, ки 300 доллари он ба варзишгар дода шуда, боқимонда ҷиҳати омодагии ӯ ба мусобиқот масраф хоҳад шуд. «Ин барои аввалин бор аст, ки ба варзишгарони тоҷик чунин идрорпулӣ ҷудо мегардад», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, маблағи мазкур ҷиҳати омодагии варзишгарон барои иштирок дар Бозиҳои Олимпиадаи зимистонаи соли 2010, ки дар шаҳри Ванкувери Канада доир мегардад, пешбинӣ шудааст.