Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи 26-уми март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Муғулистон мешавад.
Чӣ тавре ки роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзи 27-уми март нахуст мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр ва сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҷонибҳо баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Д.Назриев, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор асноди дуҷониба дар назар аст. «Ғайр аз ин, президенти Тоҷикистон бо муовини раиси парлумони Муғулистон ва муовини аввали нахуствазири Муғулистон низ дидору гуфтушунид хоҳад кард», – гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки шоми рӯзи 27-уми март сарвари давлати Тоҷикистон ба ватан бармегардад.