Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи рӯзи 15-уми апрел дар шаҳри Душанбе доир гардидани ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони кишвар қарор ба имзо расонид.
Чӣ тавре ки ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласаи мазкур Паёми ҳамасолаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба МО ҶТ шунида хоҳад шуд.
Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар паём ба масъалаи ба ҳадди камтарин паст кардани оқибатҳои бӯҳрони молӣ ва чораҳои андешидаи ҳукумати кишвар дар ин самт таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид.