Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи
XII
-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб ва ва полиграфия ба кор шурӯъ мекунад.
Чӣ тавре ки сардори хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Анвар Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа ба баррасии масоили беҳбуди роҳандозии нашри китоб ва қабули лоиҳаи Баёния оид ба дастгирии нашри китоб дар кишварҳои узви ИДМ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид.
Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаи омодагиҳо ба баргузории Озмуни VI-уми байнулмилалии «Санъати нашри китоб» табодули афкор хоҳанд кард.
«Масъалаҳои таъсиси мақомоти нашри ИДМ ва таҳияи созишнома дар бораи фароҳам сохтани шароити мусоид ҷиҳати мубодилаи маҳсулоти чопӣ байни кишварҳо низ мавриди муҳокимаи иштирокдорони ҷаласа қарор хоҳад гирифт», – афзуд А.Юсуфов.