Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз Дабири кулли ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Тоҷикистон меояд.
Чӣ тавре ки роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, худи ҳамин рӯз мулоқоти К.Матсуура бо вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва намояндагони Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
«Пагоҳ дабири кулли ЮНЕСКО бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид карда, нимаи дуввуми рӯз меҳмон бо осори таърихии минтақаи Кӯлоб ошно хоҳад гардид», – афзуд Д.Назриев.