Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чорабинии «Ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон», ки 23-юми май ҷамъбаст мегардад, бо баргузории Рӯзи дави миллӣ оғоз мегардад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ хабар доданд, собиқадорони варзиш, маъюбон, хонандагони макотиби таҳсилоти умумиву олӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, тоҷирон ва дигар табақаҳои ҷомеа хоҳиши иштирок дар Рӯзи дави миллиро кардаанд. «Рӯзи Дави миллӣ дар як вақт дар саросари ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар шаҳри Душанбе он соати 9-и субҳ аз посгоҳи назоратии БДА-и «Чорбоғ» шурӯъ мешавад», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба шахсан дар ин чорабинӣ иштирок кард. Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон маротибаи 14-ум доир мегардад. Соли гузашта дар он беш аз 100 ҳазор нафар ширкат варзиданд.