Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ Комиссари Олии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба умури аққалиятҳои миллӣ Кнут Воллебекро ба ҳузур пазируфт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, Ҳ.Зарифӣ изҳор доштааст, ки қонунгузории ҷории кишвар ба намояндагони аққалиятҳои миллӣ интихоби озоди забони муошират, дастрасӣ ба маълумот, гирифтани иттилоот бо забони модарӣ ва озодии мазҳабро кафолат медиҳад.
Зимни мулоқот масоили марбут ба такмили Қонуни ҶТ «Дар бораи забон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин робита Ҳ.Зарифӣ зикр кард, ки қонуни амалкунанда дар замони шӯравӣ бо назардошти воқеияти он давра ба тасвиб расидааст ва феълан ҷаобгӯи талаботи имрӯза нест. «Бинобар ин гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи нави қонуни мазкур созмон дода шуда, дар он мутобиқгардонии муқаррароти қонун ба шароити имрӯза пешбинӣ мешавад», – гуфт ӯ.
Комиссари Олии САҲА нияти идомаи ҳамкории дуҷонибаи муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои созмонро баён дошта, зикр кард, ки САҲА ҷиҳати расонидани кӯмаки машваратӣ баҳри таҳияи лоиҳаи нави қонун «Дар бораи забон» дар Тоҷикистон омода аст.