Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Латвия Валдис Затлерс бо сафари кории серӯза вориди Тоҷикистон шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ дод, дар чаҳорчӯбаи сафар имрӯз дар Кохи Миллат гуфтушуниди сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Затлерс ба нақша гирифта шуда, аз рӯи натиҷаҳои он имзои як силсила асноди ҳамкории дуҷониба дар назар аст.
Дар ҳайати Латвия ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони ин кишвар низ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки дар кори ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар ширкат хоҳанд варзид.
Бино ба иттилои манбаъ, боздиди президенти Латвия аз Тоҷикистон нахустин сафари расмиест, ки роҳбари кишварҳои назди соҳили Балтика ба Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом медиҳад.
Аз Вазорати умури хориҷии ҶТ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки президенти Латвия аз шаҳри Хуҷанд низ боздид хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ сарвари давлати Тоҷикистон ба Латвия сафари давлатӣ анҷом дода, аз рӯи натоиҷи он як силсила асноди дуҷониба, аз ҷумла, созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, дар бораи алоқаи ҳавоӣ, ёддошти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо ва созишнома миёни палатаҳои савдову саноати Тоҷикистону Латвия ба тасвиб расида буданд.