spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пагоҳ ҳайати «сегона»-и Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе ташриф меорад


Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати «сегона»-и Иттиҳоди Аврупо аз 12 то 14-уми июл бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сафорати Фаронса дар ҶТ, ки раёсати Иттиҳоди Аврупоро дар Душанбе аз номи Шветсия таъмин месозад, хабар доданд.




Дар сафорат изҳор доштанд, ки дар ҷараёни сафар ҳайат бо мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масоили иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, муовини аввали вазири умури хориҷии ҶТ Абдулло Юлдошев, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов, сарвари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.



Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳайати «сегона»-и Иттиҳоди Аврупо директори вазорати умури хориҷии Шветсяи Жан Ниберг, сафири Шветсия дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон Ганс Олсон, сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабини, сафири Испания дар Қазоқистон Алберто Антон Кортес шомил мебошанд. Шӯрои Аврупоро дар ҳайат намояндаи махсуси ИА оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Пйер Морел, мушовирони сиёсӣ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ Татяна Левсева ва Байба Алексежука намояндагӣ мекунанд.



Дар ҳайат муовини роҳбари гурӯҳ оид ба Осиёи Марказӣ Томас Фрезелен ва ваколатдори муваққатии умури ИА дар Тоҷикистон Шарлот Андриэн Комиссияи Аврупоро намояндагӣ мекунанд.



Дар сафорати Фаронса дар ҶТ ҳамчунин гуфтанд, пас аз анҷоми сафари ҳайати мазкур баргузории нишасти хабарӣ дар назар аст.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...