Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Латвия президенти ин кишвар Валдис Затлерс дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки барои Латвия ҳамчун кишвари узви Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) нақши Тоҷикистон дар устувор сохтани вазъ дар Афғонистон хеле муҳим аст.
Ба гуфтаи ӯ, феълан нерӯҳои низомии Латвия дар музофоти Фароби Афғонистон қарор доранд ва транзити молу маҳсулот тавассути Тоҷикистон ба онҳо қулай мебошад. «Латвия ба боз намудани дарҳои Аврупо барои Тоҷикистон омода аст», – афзуд сарвари давлати Латвия.
Маълумотнома: Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ муомилоти мол миёни Тоҷикистону Латвия 12 млн. 849,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 16,8 дарсад камтар аст.