Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар сафари ҳайати Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҳти роҳбарии узви Бундестаги Олмон, Котиби давлатии парлумонии Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Карин Кортманн ба Тоҷикистон анҷом ёфт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Олмон дар ҶТ иттилоъ доданд, ба ҳайат намояндагони Бундестаги Олмон, Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ, сафири кабири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хэртрампф ва ҳамчунин намояндагони Ҷамъияти рушди олмон
GTZ
ва бонки рушди
KFW
шомил буданд. «Дар ҷараёни сафари серӯза вохӯрии ҳайат бо вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода доир гардида, дар он масоили вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, саҳми имконпазири Олмон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «К.Кортманн изҳор дошт, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон шарики боэътимоди Олмон аст», – гуфт манбаъ.
К.Кортманн инчунин оид ба вижагиҳои рушди иқтисоди Олмон, ҳалли масоили мавҷудаи иҷтимоӣ ва андешидани чораҳои рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ изҳори назар кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳайати мазкур ҳамчунин бо муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Убайдуло Давлатов мулоқот ороста, дар вохӯрӣ атрофи масоили баробарҳуқуқии гендерӣ, вазъи бахши энергетика дар ҶТ ва баъзе ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа табодули афкор сурат гирифтааст.
Зикр гардид, ки ҳайати Олмон ҳамзамон дар маросими ифтитоҳи бинои мактаб дар ноҳияи Ҷалолидддини Румӣ, ки аз ҷониби хазинаи Олмон оид ба ҳамкориву рушд маблағгузорӣ шуд, низ ширкат варзида, бо фаъолияти беморхонаи минтақавии шаҳри Қӯрғонтеппа низ шинос шудааст.