Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи сафари расмӣ ба Тоҷикистон имрӯз президенти Латвия озими шаҳри Турсунзода шуд. Дар ин ҷо Валдис Затлерс бо фаъолияти КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» аз наздик ошно хоҳад гардид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкати «Талко» иттилоъ доданд, президенти Латвия аз коргоҳҳои ширкат боздид намуда, бо маҳсулоти корхона шинос мегардад. Пас аз он ҳайати Латвия аз Осорхонаи шарафи меҳнатии ширкат боздид карда, дар бораи таърихи таъсис ва ташаккули корхонаи бузургтарини истеҳсоли алюминий дар минтақаи Осиёи Марказӣ маълумоти муфассал пайдо хоҳад кард.