spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Э.Раҳмон дар нишасти Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ширкат меварзад


Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср дар кори нишасти Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ширкат меварзад.




Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ – созмони байналмилалиест, ки 119 давлати


ҷ


аҳонро аз р


ӯ


и Принсипи иштирок накардан дар блокҳои ҳарбӣ муттаҳид кардааст. Созмон расман аз


ҷ


ониби 25 кишвар соли 1961 таъсис ёфтааст. Айни замон ба созмони мазкур 38 давлати Осиё, 53 давлати Африқо, 26 давлати Амрикои лотин


ӣ


ва як давлати Аврупо-Белорусия шомиланд. 16 давлат, аз


ҷ


умла, Арманистон, Озарбой


ҷ


он, Салвадор, Сербия, Черногория, Босния, Ҳерзогувин, Бразилия, Қазоқистон, Қирғизистон, То


ҷ


икистон,


Ҷ


умҳурии мардумии Чин, Коста-Рика, Мексика, Парагвай, Украина, Уругвай, Хорватия мақоми нозирони ин созмонро ба


ӯ


хда доранд. Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Африқо, Лигаи давлатҳои араб ва созмони Конфронси Исломӣ низ ҳамин мақомро соҳибанд.



Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд, Э.Раҳмон рӯзи 13-уми июл ба шаҳри Шарм-уш-Шайх ташриф оварда, як қатор вохӯриву гуфтушунидҳо баргузор намуд.



Дар мулоқот бо вазири умури хориҷии Сингапур Ҷорҷ Ео масоили ташкил ва густариши ҳамкории барои ҳарду кишвар судманд баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки эҷоди заминаи

 

қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории гуногунсоҳа

 

бояд аз иқдомҳои аввал дар эъмори муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои пайвастаи ду давлат бошад.



Барои ба имзо расондани як зумра санадҳои заминавӣ, аз ҷумла дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва доир ба туризм ташкили музокироти

 

байнидавлатии Тоҷикистону Сингапур дар сатҳи олӣ зарур шумурда шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки

 

коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид. Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии

 

Индонезия Ҳасан Вираҷударо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия, ки

 

моҳи октябри соли 2003 ҷараён гирифта буд ва дар заминаи он густариш додани муносибатҳои барои ҳарду кишвар судбахш баррасӣ шуд.



Баҳри такон додани ҳамкориҳо ҷоннок намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба таҳким ва густариши муносибатҳо дар чаҳорчӯби Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ, Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ сурат гирифт. Масоили вобаста ба таҳкиму густариши муносибатҳо оид ба барқарорсозии ҳаёти осоишта ва созандагию бунёдкорӣ дар Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...