Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Пайрав Чоршанбиев, asia+

Мақомоти Тоҷикистон сарфи назар аз ҳушдор дар бораи хавфҳои беруна ва суст гардидани суръати рушд, умед доранд, ки дар соли равон аз ҳисоби сармоягузорӣ, энергетика, содироти тилло ва интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирон рушди баланди иқтисодиро нигоҳ медоранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахири худ ба парлумон, ба масъалаи рушди устувори иқтисод ва расидан ба сатҳи нави некӯаҳволии шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Ӯ гуфт, ки тайи 10 соли ахир, суръати рушди миёнаи солонаи 7,6% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 3,4 баробар афзуда, дар соли 2025-ум 8,4%-ро ташкил дод.

Дар соли 2026 низ сатҳи рушди на камтар аз 8% ҳамчун ҳадаф гузошта шудааст, ки аз идомаи сиёсати стратегӣ дар бораи таҳкими устувории иқтисодӣ гувоҳӣ медиҳад.

Раисҷумҳур саноатикунонӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, рушди энергетика ва зерсохтор, инчунин ҷорисозии фанновариҳои рақамисозӣ ва ҳуши маснӯиро самтҳои калидии стратегияи иқтисодӣ барои соли 2026 номбар кард. Ҳамаи ин самтҳо ба тавсеаи заминаи истеҳсолӣ, таъмиру навсозии зерсохтор ва баланд бардоштани омодагии технологии иқтисод равона шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба масоили дастгирии бахши хусусӣ ва ҳавасмандсозии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ин ду омил бояд муҳаррикҳои асосии рушд дар кишвар шуда, устувориро таъмин созанд ва хавфҳои берунаи иқтисодӣ, аз қабили калавандагии нархҳо ба ашёи хом ва тағйирот дар сиёсати муҳоҷиратро танзим кунанд.

Пешгӯйии шарикон

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон мисли соли пешин, 8,1% пешгӯӣ мекунад. Бино ба арзёбии коршиносони БАОР, омилҳои калидӣ дар ин самт, энергетика, саноати коркард, содироти фулузоти гаронбаҳо ва интиқоли устуворонаи маблағ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ мебошанд.

Муҳоҷирони корӣ дар Русия. Акс аз РИА Новости

Аммо сарфи назар аз суръати баланди рушд, дар пешгӯии БАОР вобастагӣ ба омилҳои беруна, аз ҷумла нархҳо ба ашёи хом ва устувории ҷараёни муҳоҷират зикр мешавад. Онҳо гуногунсамт кардани иқтисодро тавсия медиҳанд, то ки осебпазирии он аз тағйироти беруна коҳиш дода шавад.

Бонки ҷаҳонӣ дар пешгӯии худ барои солҳои наздик аз суст шудани рушд дар соли 2026 то 5% огоҳ мекунад, ки ба сатҳи имконпазири кишвар наздик аст. Ин ба кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон вобаста аст.

Сарфи назар аз ин, коршиносони Бонки ҷаҳонӣ интизорӣ доранд, ки дастгирии иқтисод аз ҷониби бахши хидматрасонӣ ва содироти тилло сурат гирифта, таваррум дар ҳудуди нишондиҳандаҳои ҳадафнок боқӣ мемонад.

Бонки осиёи рушд (БОР) низ сустшавии муътадили рушди иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад. Дар пешгӯии БОР барои соли 2026 рушд дар сатҳи 6,8% пешбинӣ шудааст, ки ба камшавии интиқоли пул ва сустшавии талаботи дохилӣ вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол, иқтисодчиён зикр мекунанд, ки соҳаи сохтмон, саноати кӯҳкорӣ ва содирот муҳаррикҳои асосии рушд боқӣ мемонанд, ҳарчанд гуногунсамт кардани идовагиро талаб мекунанд.

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) бошад “рушди муассир”-и иқтисоди Тоҷикистонро тайи солҳои ахир зикр мекунад, вале зарурати ислоҳоти сохторӣ барои дастгирии рушди устувор дар дурнамои дарозмуҳлатро таъкид месозад. Аз ҷумла, ин ниҳоди байналмилалӣ, гуногунсамт сохтани иқтисод, беҳбуди зерсохтори иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҳаётро муҳим мешуморад.

Барои соли 2026 рушди пешгӯишаванда ҳудуди 7,5%-ро ташкил медиҳад, ки Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои пешсаф аз рӯи рушди иқтисод миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мекунад.

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар соли 2026 аз сатҳи 5,7%-и рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 интизорӣ дорад. Ин рушд бо нархҳои баланд ба тилло, идомаи сармоягузорӣ ба зерсохтор ва интиқоли устувори маблағҳо дастгирӣ мешавад.

Сарфи назар аз тамоюлҳои мусбат, хафви коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ ҳамчун омили муҳими таъсиррасон ба ҷараёни иқтисод боқӣ мемонад.

Дар маҷмӯъ, рушди муътадили иқтисод идома ёфта, он ба таҳкими минбаъдаи бахшҳои асосӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, нақлиёт ва саноат мусоидат мекунад.

Пешгӯиҳо ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026:

Хавфу чолишҳои асосӣ

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфҳо дучор мешавад:

– вобастагӣ ба омилҳои беруна, аз ҷумла интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон;

– тағйирот дар сиёсати муҳоҷират ва вазъи иқтисоди ҷаҳон, ки метавонанд ба иқтисод таъсири назаррас расонанд;

– ба қадри кофӣ гуногунсамт набудани иқтисод, вобастагии зиёд ба содирои ашёи хом ва истихроҷи фулузот, ки кишварро ба тағйирот дар бозори ҷаҳонӣ осебпазир мекунад;

– осебпазирии бахши кишоварзӣ ба тағйироти иқлим ва офатҳои табиӣ.

Стратегия барои оянда

Тибқи арзёбии таҳлилгарони байналмилалӣ, самтҳои асосӣ барои Тоҷикистон инҳоянд:

– гуногунсамт сохтани иқтисод бо шумули саноати коркард, бахши кишоварзӣ ва соҳаҳои дорои технологияҳои баланд;

– амалисозии лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла сохтмони НБО “Роғун” дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар;

– рушди устувори зерсохтор, аз ҷумла тавъмиру навсозии шабакаҳои энергетикӣ ва зерсохтори нақлиёт, ки барои нигаҳдории рушд ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст;

– ҳавасмандсозии сармоягузориҳои хусусӣ ва беҳбуди муҳити корӣ. Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна бояд барои ҳукумат афзалиятнок шавад;

– рушди сармояи инсонӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ба соҳаи маорифу тандурустӣ ва таълими касбӣ, ки ба баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат кумак карда, барои рушди сармоягузорӣ шароит фароҳам меорад.

Ҳамин тариқ, мутахассисон ба хулосае мерасанд, ки дар соли 2026 ва солҳои наздик иқтисод дар роҳи рушд боқӣ монда, вале суръати ин рушд метавонад каме сусттар шавад, ки ба коҳиши интиқоли маблағҳо ва зарурати ислоҳоти сохторӣ вобаста аст.

Акси маррбут аз Радиои Озодӣ

Вазъият дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна аст?

Дар пешгӯиҳои ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар бораи рушди иқтисод дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои наздик ҷараёни устувор пешбинӣ шудааст, ҳарчанд суръати рушд вобаста ба вазъи дохилӣ дар ҳар як кишвар метавонад гуногун бошад.

Дар минтақа ,ба сурати умум суръатҳои баланди рушд боқӣ монда, лекин як қатор хафвҳои таъсиррасон ба рушди иқтисод вуҷуд доранд. Омилҳои беруна ба мисли тағйирёбии нарх ба нафту тилло, инчунин калавандагии иқтисоди ҷаҳон ба суботи рушд таъсир мерасонанд.

Ғайр аз ин, сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва камшавии ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ метавонанд ба афзоиши талаботи истеъмолии дохилӣ дар кишварҳои минтақа таъсири боздоранда дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол, омилҳои дохилӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ба зерсохтор ва рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ муҳаррикҳои асосии рушд боқӣ мемонанд.

Пешгӯиҳои СМБ доир ба иқтисоди умумии Осиёи Марказӣ дар соли 2026 (%)

Натиҷаҳои соли 2025

Дар соли 2025 рушди бештар дар иқтисоди Қирғизистон (11,1%) ва пасттарин, дар Туркманистон (2,3%) ба қайд гирифта шуд. Дар идома Тоҷикистон (8,4%), Ӯзбекистон (7,7%) ва Қазоқистон (6,5%) қарор гирифтаанд. Аз лиҳози ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақа Тоҷикистон дар мақоми охир ҷойгир шудааст.

Иқтисоди бузургтарин дар минтақа Қазоқистон (300 млрд доллар) маҳсуб меёбад. Дар зинаҳои баъдӣ Ӯзбекистон (152,5 млрд доллар) ва Туркманистон (72,1 млрд доллар) қарор гирифтаанд. Қирғизистон (22,6 млрд доллар) ва Тоҷикистон (19 млрд доллар) дар зинаҳои охиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон