“Харидорони қирғизистонӣ дигар қадам намегузоранд”. Бозори “Вохӯрӣ” дар марз бо Қирғизистон чӣ вазъ дорад?

Фарзона Муродӣ, Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Мо ба ин бозор рафтем ва аз вазъи кунунии он дидан кардем.

Аз бозкушоии марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва имзои созишномаи ниҳоии марзӣ беш аз як сол сипарӣ шуд. Бо боз шудани сарҳад байни ду кишвари ҳамсоя, интизор мерафт, ки бозорҳои муштараки наздимарзӣ низ базудӣ боз шуда, савдо барқарор шавад. Вале …

Барои санҷиши вазъ аз бозори “Вохӯрӣ”, яке аз бозорҳои муштарак дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст ва замоне пуродам буд, боздид кардем. Ин чӣ бозорча аст ва ҳоло чӣ вазъ дорад, дар ин гузориши мо мутолиа кунед.

Бозорчае, ки ба “вайрона” табдил ёфтааст

Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 18-уми март барои шиносоӣ бо вазъи кунунии бозорчаи замоне маъруфи “Вохӯрӣ” ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафт. Аммо дар ин макон тамоми дӯконҳо, ба ҷуз як дӯконча, ки зане савдо мекард, баста ва гирдогирд печонида шуда буд.

Ягона нафаре, ки дар ин бозор савдо мекард, зани тахминан 40-солае буд, ки маҳсулоти хӯрока мефурӯхт. Ӯ дар аввал нахост бо мо суҳбат кунад ва баъдан бе зикри номаш дар суҳбати бидуни сабт гуфт, 13 сол инҷониб дар ин нуқта савдо мекунад.

Ба қавли ӯ, савдо қаблан дар ин бозорча хуб буд ва баъди сар задани муноқишаҳо ва баста шудани марз, ба далели он ки савдо суст шуд, савдогарон ин нуқтаро тарк карданд ва ҳоло танҳо ду нафар дар ин бозорча бозоргонӣ мекунанд, аммо савдогари паҳлӯи ӯ низ танҳо гоҳ-гоҳ дари дӯконашро боз мекунад.

Акс аз муаллиф

Ба қавли ӯ, ин дӯконча шабонарӯзӣ фаъол аст, аммо бо вуҷуди ин, давоми 24 соат танҳо 10-15 харидор меояд, ки шаҳрвандони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Ӯзбекистонанд.

Ҳоло симои умумии бозорча вайронаеро мемонад, ки деворҳояш рехтаю фарсуда ва растаҳо шикастаю латтапечанд.

“Харидорони қирғизистонӣ дигар қадам намегузоранд”

Ин зан мегӯяд, қаблан бо шавҳараш дар ин бозор тиҷорат мекард, аммо баъди кам шудани харидуфурӯш шавҳараш ба муҳоҷират рафтааст.

“Баъди муноқишаҳои марзӣ савдо хеле суст шуд, борҳое, ки аз Қирғизистон меовардем, дастнорас шуданд, харидорони қирғизистонӣ дигар қадам намонданд ва худи тоҷирон низ бозорчаро тарк карданд”, – мегӯяд ин зан.

Ба қавли ӯ, баъди бозкушоии марз низ дигар шаҳрвандони Қирғизистон намеоянд.

“Онҳо марзи худро симхор кашидаанд ва ҳоло ягон хел рафтуомад сурат намегирад”, – афзуд ӯ.

Акс аз муаллиф

Мақомот чӣ мегӯяд?

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду бозори муштарак фаъолият мекард, ки яке “Молбозор” дар ҷамоати деҳоти “Овчӣ-Қалъача” ва дигаре ҳамин бозорчаи “Вохӯрӣ” буд. Ҳоло бозори чорво пурра аз фаъолият бозмондааст.

Бо вуҷуди бозкушоии марз ва рушди равобити ду ҷониб, бозорҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз боз нашудаанд ва мақомот низ далели онро шарҳ намедиҳад.

Абдуқаҳҳор Абдуҷалилов, муовини раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз низ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” афзуд, ки бозорчаи “Вохӯрӣ” аз соли 2021 камфаъол шуда, харидорон кам омаданд.

“Соҳибкорон диданд, ки беҳуда андоз месупоранду даромад нест, бозорро партофта рафтанд”, – далели тарки бозор аз ҷониби тоҷиронро шарҳ дод ӯ.

Акс аз муаллиф

Бозорҳои наздимарзӣ

Шумораи аниқи бозорҳо дар навоҳии наздимарзии ду кишвар маълум нест, вале то чанд сол пеш ҳаддиақал 10 бозори наздимарзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон кор мекард, ки ҳоло фаъолияти онҳо боздошта шудааст.

Ин бозорҳо то муноқишаҳои охири марзӣ, махсусан солҳои 2021-2022 макони вохӯрии тоҷикону қирғизҳо буд ва барои ҳамзистии осоиштаи мардум мусоидат мекарданд.

Мушкил дар бозорҳои наздимарзӣ соли 2013 пайдо шуд. Он замон ҷониби Қирғизистон барои “ба меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани маҳсулоти ворида аз Тоҷикистон” дари бозорҳоро ба рӯи фурӯшандаҳои тоҷик баст ва баъдан, ҷониби Тоҷикистон ҳам фурӯши маҳсулотро барои қирғизистониҳо манъ кард.

Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили марзӣ бовар дорад, ки агар тиҷорати байниҳамдигарӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба роҳ монда шавад, қадам ба қадам вазъ муътадил ва аҳолӣ ба ҳам наздик мешаванд.

“Вақте мардуми ду кишвар аз ҳамдигар вобаста мешаванд, оҳиста – оҳиста кинаро фаромӯш мекунанд. Боварӣ ҳам ба ҳамдигар устувор мешавад”, – мегӯяд ин коршиноси тоҷик.

Зани тоҷири ин бозор ҳам ба ин умед мебандад, ки бозор рӯзе мисли пешин фаъол мешавад, ҳарчанд бо ишора ба симхоркашии марз таъкид мекунад, ки рӯз аз рӯз ин умед коҳиш меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад