Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 апрели соли 2026

Asia-Plus

Аз зодрӯзи Муқим Воҳиду Рафиқа Мусоева то Рӯзи забони финӣ

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 9:30 дар толори бузурги “Шарқи Озод” филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон – “Моҳӣ дар шаст” намоиш дода мешавад. Намоиши филм бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва студияи “Довфилм” сурат мегирад.

– Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти “Адиб” баргузор мешавад. Он соати 9:00 оғоз шуда, то соати 16:00 идома меёбад ва беш аз 130 номгӯ китобҳои тоза нашркардаи “Адиб” пешкаши ҳаводорони китобу мутолиа мегардад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1957 – Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ифтитоҳ ёфт.

Соли 2001 – Нишасти аввалини Комиссияи байниҳукуматии  Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми самтҳо баррасӣ гардиданд.

Соли 2011 – Дар Тоҷикистон сохтори нави СММ – “UN Women” (Занони СММ) ба фаъолият шурӯъ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Геннадий Александров, оҳангсоз ва Арбоби шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1943 – Зодрӯзи Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшинос ва додраси пешини тоҷик.

Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик ва додраси собиқ дар рушди низоми судии Тоҷикистон нақши муҳим доштааст. Ӯ 30 сол пеш, 20 июни соли 1992 Анҷумани додрасҳои Тоҷикистонро таъсис дода, аввалин раиси он буд.

Абдураҳмонов дар давраи фаъолияти худ ҳамчунин як қатор иқдомҳои муҳимро амалӣ кардааст. Ӯ ҳамеша ба муҳимияти мустақилияти судӣ ва ҷудоии ҳокимиятҳо таъкид кардааст.

Солҳои ахир ба сифати роҳбари Маркази кӯмаки ҳуқуқӣ фаъолият дорад.

Соли 1950 – Мавлуди Муқим Воҳид, нависандаи тоҷик.

Муқим Воҳид хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд буда, соли 1971 дар мактаби шаҳраки Табошар (ҳозира Истиқлол) ба фаъолияти корӣ пардохтааст.

Фаъолияти адабиаш аз соли 1972, бо оғози кор дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” шурӯъ шуда, ҳикояҳояш дар рӯзномаҳои “Ҳақиқати Ленинобод”, “Бо роҳи Ленинӣ”, “Маориф ва маданият” ва “Газетаи муаллимон” ба дасти чоп расидаанд.

Баъдан китобҳояш, “Оби зулол”, “Ашки ишқ”, “Дунёи бевафо” пайи ҳам нашр шуданд. Солҳо масъули филиали Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар Хуҷанд буд.

Соли 1953 – Зодрӯзи Рафиқа Мӯсоева, собиқ вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Рафиқа Мӯсоева фаъолияташро ба ҳайси хизматчии давлатӣ соли 1981 оғоз намуда, дар вазифаи котиби Кумитаи марказии комсомоли ҶШС Тоҷикистон кор кард. Аз соли 1986 се сол дар дастгоҳи Кумитаи марказии  Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон кор карда, соли 1989 котиби якуми Кумитаи ноҳияи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе интихоб шуд. Аз соли 1990 то соли 1995 вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон дар даъвати 12 буд.

Соли 1992 раиси Кумитаи давлатии сохтмон, узви Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, ягона зан дар ҳайати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ӯ ҳамзамон узви Комиссияи конститутсионӣ, узви гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсияи нави Тоҷикистон буд. Соли 1995 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати аввал ва дар иҷлосияи аввали он раиси Кумитаи давлатии сохтмони парлумони кишвар интихоб шуд.

Аз соли 2000 вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва аз январи соли 2001 вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин гардид. Як муддат директори Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” буд.

Аз соли 2005 ба ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон” роҳбарӣ мекунад.

Соли 1961 – Зодрӯзи Қодири Қосим, раиси пешини ВМКБ ва собиқ муовини раиси Маҷлиси намояндагон дар даъвати шашум.

Ӯ соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст. Фаъолияташро соли 1983 ба ҳайси агроном-боғпарвари совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои агроном ва сарагрономи совхози «50 солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Русия»-и ноҳияи Ванҷ, ҷонишини сардори идораи хоҷагии қишлоқи ВМКБ, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси ВМКБ ва муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то соли 2013 раиси ВМКБ ва аз соли 2013 то соли 2017 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд. Як муддат ба ҳайси раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон кор кардааст.

Дар даъвати шашуми парлумон вакил интихоб шуд ва дар ҷаласаи якуми ин даъват муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 1973 – Зодрӯзи Назира Амирбекзода, муовини собиқи раиси ВМКБ ва ҳоло директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 9 апрел финиҳо ва дӯстдорони забони финӣ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи Микаэл Агрикола ё Рӯзи забони финиро таҷлил мекунанд.

Агрикола бо он маъруф аст, ки забони хаттии финниро асос гузоштааст. Соли 1543 ӯ алифбои аввалини финниро бо номи ABC-kirja (китоби АБВ) ба табъ расонд. Аз ҳамон сол сар карда, ин солро соли пайдоиши хатти финӣ мешуморанд. Агрикола забони карелӣ ва лаҳҷаи сокинони вилояти Туркуи Финландияро асоси алифбо қарор дод.

9 апрел ҳамчунин Рӯзи ихтирои оксиди нитроген – формулаи кимиёвии N₂O мебошад. Ин газ ба сабаби таъсири масткунандааш “гази фараҳбахш” ном гирифтааст.

Дар ҳарорати муқаррарӣ он гази беранг ва ғайри сӯхташаванда буда, бӯю таъми ширин дорад. Ин газро аввалин бор соли 1772 Ҷозеф Пристли ҳосил кард ва онро “ҳавои нитрозии дефлогистикшуда” номид. Соли 1799 Ҳемфри Дэви онро таҳқиқ карда, таъсири беҳушкунандаи онро муайян намуд ва истифодабарии онро дар тиб пешбинӣ кард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони суст меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 15+20º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар ғарби вилоят шабона 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 10+12º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 4+6º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 9 ба 10-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад