Ҳисоботи хотимавии САҲА, ки аз ҷониби ман таҳия шудааст, интишор гардид. Соли 2010 ман аз ҷониби Қазоқистон, ки раёсати САҲА-ро ба ӯҳда дошт, ба ҳайси Намояндаи шахсии Раиси феълӣ оид ба экология ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ таъйин гардидам. Ҳисоботи фарогир, ки иборат аз 350 саҳифа аст, баррасӣ ва роҳҳои ҳалли офатҳои табии, ки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз онҳо азият мекашанд, аз ҷумла хушкшавии Баҳри Арал, пайомадҳои озмоишҳои ҳастаии шӯравӣ дар мавзеи Семипалатински Қазоқистони шарқӣ ва партовгоҳҳои уранро дар бар мегирад. Дар робита ба масъалаи ниҳоят ҳассоси обӣ дар болооб ва поёноб, инчунин мавқеи Тоҷикистон дар ҳисобот назари мусбат ва некбинона баён шудааст.
Зудухурдҳо бо қочоқчиёни маводи мухаддир, ки ғайриқонунӣ марзро аз ҷониби Афғонистон ба Тоҷикистон убур менамоянд, мунтазам сурат мегирад, зеро Тоҷикистон аввалин истгоҳест дар роҳи интиқоли маводи мухаддир ба Россия ва аз он кишвар ба мамолики Ғарб.
Тоҷикистон инчунин дар баробари кӯшишҳои ошубгарони исломгаро ҷиҳати истифода аз қаламрави кишвар ба ҳайси тамрингоҳҳо муқовимат менамояд. Сатҳи амниятии дохилӣ, ки ман зимни сафари худ ба ин кишвар шоҳиди он гаштам, ниҳоят таъсирбахш аст ва мутмаинам, ки кӯшишҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини субот ва амният шоистаи таҳсин буда, кишварҳои Ғарб бояд талошҳои ӯро баҳри таъмини мавқеи Тоҷикистон ба сифати кишвари стратегии буферӣ, ки воридшавии қочоқчиёни маводи мухаддир ва террористҳоро аз қаламрави Афғонистон ва Покистон пешгирӣ менамояд, ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
Ман дар ҳисобот қайд намудаам, ки манзараи кӯҳистони Тоҷикистон ифодагари он аст, ки камбуди захираҳои об ва дастрасии маҳдуд ба об аз масъалаҳои боиси нигаронӣ ба шумор намераванд. Ҳамзамон, ба сифати кишвари болооб, чуноне, ки ман инро дарк менамоям, Тоҷикистон масъулиятҳоеро низ дар назди ҳамсоягони поёноби худ ба зимма дорад. Дар хулосаи ҳисобот дарҷ гардидааст, ки Тоҷикистон ба иҷрои масъулияти мазкур таваҷҷӯҳи хосса ва ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ҳақиқат ашхоси баландмақоми расмӣ дар Душанбе маро мутмаин сохтанд, ки Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ на айни замон ва на дар оянда нияти бастани маҷрои обро барои ҳамсоягони худ надорад.
Дар робита ба масъалаи сиёсатҳои обӣ дар ҳисобот қайд карда шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон баланд бардоштани иқтидори гидроэнергетикии худро ҳамчун яке аз ҳадафҳои калидии худ қарор додааст ва ин боиси нигаронии асосии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ гардидааст. Феълан, Ҳукумати Тоҷикистон барои ба итмом расонидани тарҳҳои сарбандҳои Роғун ва Сангтуда дар дарёи Вахш кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода истодааст. Татбиқи тарҳи Роғун солҳои 1980-ум шурӯъ шуда, бинобар ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон соли 1993 қатъ гардид.
Узбекистон вобаста ба татбиқи тарҳи Роғун шадидан истодагарӣ намуда, эълом медорад, ки тарҳи мазкур имкони назорат аз болои маҷрои обро ба Тоҷикистон хоҳад дод ва дар сурати шикасти сарбанд дар натиҷаи заминларза харобиҳоро ба бор хоҳад овард, аммо ман бар он назарам, ки чунин аксуламалҳои манфӣ хоманд.
Дар ҳисоботи худ ман ба Узбекистон ва дигар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ маслиҳат медиҳам ки онҳо бояд натиҷаҳои тадқиқоти тарҳи мазкурро, ки аз ҷониби мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ рӯи кор гирифта шудааст ва нашри он давоми соли ҷорӣ дар назар аст, мунтазир шаванд.
Ҳамзамон, ман қайд намудаам, ки обанбори Роғун бо сарбанди банақшагирифташудаи гилу сангии он бо баландии 335 метр, ба обанбори Норак шабоҳати хеле наздик хоҳад дошт, ки дар мавзеи 75 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар доманакӯҳҳои Помир ҷойгир аст. Норак низ дорои сарбанди 300 метраи гилу сангӣ буда, обанбори бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки дарозиаш 70 км, масоҳаташ 98 км
2
ва нуқтаи ҷуқуртарини он баробар ба 220 метр мебошад.
Норак замони шуравӣ сохта шуда, шумораи зиёди заминларзаҳоро тӯли 40 сол аз сар гузаронидааст ва ҳанӯз дар ҳолати беҳтарини мавриди истифода қарор дорад. Ман дар ҳисобот қайд намудаам, ки ман ҳеҷ тафовутеро дар мавриди Роғун намебинам ва аммо бо камоли хушнудӣ масъулияти баровардани қарори ниҳоиро ба зиммаи мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ мегузорам.
Обанбори Роғун дар мавзеи тақрибан 100 км болотар аз Норак дар дарёи Вахш, тақрибан 100 км дуртар аз Душанбе дар қисмати шимолу шарқӣ ҷойгир шудааст.
Ман инчунин дар ҳисоботи худ таъкид намудаам, ки ташаннуҷ дар муносибатҳои байни истифодабарандагони сарбандҳои бузурги болооб ва поёноб падидаест маъмулӣ. Сарбанди Отатурк дар дарёи Фурот ва сарбанди Монг дар дарёи Меконг намунаи барҷастаи гуфтаҳои боло мебошанд. Бинобар ин, ба ақидаи ман ҳеҷ ягон омили ташаннуҷовари боиси тааҷуб дар нақшаҳои Тоҷикистон дар бобати Роғун ҷой надоранд.
Ҳамзамон, ман қайд намудаам, ки ба кишварҳои болооб дар Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон/Қирғизистон) то 90% аз захираҳои оби минтақа рост меояд ва назорат аз болои дарёҳои асосии Осиёи Марказӣ низ дар дасти онҳост. Вале қисми бештари об дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби кишварҳои поёноб – Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон истеъмол мешавад ва ин ҷо низ ба кишвари дар охир номбурда истеъмоли аз ҳама бештари об рост меояд. Чунин мавқеъгирӣ дар шакли болооб-поёноб ҳамеша боиси сар задани ихтилоф мегардад ва дар сурати наёфтани ҳалли ҳар чӣ зудтари худ, он метавонад шакли низоъро гирад.
Масъалаи асосӣ ин аст, ки истифодаи рӯз аз рӯз бештари об дар мавсими тобистон, ки аз ҷониби кишварҳои поёноб барои обёрӣ сурат мегирад, ба аҳамияти истифодаи об аз ҷониби кишварҳои болооб барои тавлиди нерӯи барқ ҷиҳати таъмини гармӣ дар фасли зимистон баробар аст.
Дар қисми хотимавии ҳисоботи ман омадааст, ки идора ва истифодабарии оқилонаи об аз ҷониби кишварҳои болооб ва поёноб дар пешгирӣ намудани низову бархурдҳои минбаъда заминаи асосӣ мегузорад. Бинобар ин, муътақидам, ки кишварҳои болооб ба мақсади обёрӣ дар мамлакатҳои поёноб дар мавсими тобистон маҷрои обро таъмин хоҳанд кард.
Ҳамзамон, аз давлатҳои поёноб даъват ба амал меорам, ки то истифодаи самараноки обро ба роҳ монда, ба хотири пешгирии талафоти об тавассути обанборҳои бетонӣ, истифода аз каналҳои обёрикунӣ ва низоми обёрии қатрагиро ҷорӣ намоянд.
Ҳисоботи ман бори дигар талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ба тасвиб расонидани як қатор аҳдномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвентсияи байналмилалии СММ оид ба маҷрои об (1997) баланд арзёбӣ менамояд.
Дар ҳошияи Саммити 1-уми кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи об, ки моҳи декабри соли 2007 баргузор гардида буд, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти афзори ҳуқуқи байналмилалии марбут ба обро дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба истифодаи обҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ қайд намуда, изҳор дошт, ки «таҳия ва қабули Конвентсияҳои байналмилалии обӣ яке аз иқдомҳои муҳими муттаҳидсозии талошҳо маҳсуб мешавад, ки метавонад принсипҳои ягонаи сиёсати обиро бо дарназардошти манфиати тамоми истифодабарандагони он муайян намояд». Тоҷикистон кишвари ташаббусгари Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» 2005 – 2015 буда, дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обҳои фаромарзӣ, ҷонибдори ҳамкории фарогиру муассир байни давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Қобили қайд аст, ки ҷаҳду талошҳои таҳсиномези Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди лоиҳаи Роғун, ки метавонад аз тариқи содироти нерӯи барқ ба Покистон ва Афғонистон дар рушди иқтисодӣ ва шукуфоии Тоҷикистон нақши бориз дошта бошад, роҳандозӣ шаванд.
Ҳамзамон, он метавонад дар ба эътидоловарии вазъи иқтисодии ин кишварҳои ҳамҷавор мусоидати назаррас намояд. Инчунин муҳокимаи фарогири мавзӯъҳои марбут ба об, ки дар рафти мулоқоти ман бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ш.Душанбе сурат гирифта буд, дар ҳисоботи мазкур дарҷ гардидаст.
Вазири корҳои хориҷӣ қайд намуд, ки 60% оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон тавлид мешавад. Ӯ афзуд, ки «Мо ҳеҷ гоҳ маҷрои обро барои кишварҳои ҳамҷавори поёноби худ маҳдуд накарда будем ва нахоҳем кард. Дар замони Шуравӣ, талаботи оби Тоҷикистон 15%-и Амударёро ташкил медод. Дар воқеъ, мо танҳо 10% – 11% аз он истифода мекардем ва ҳатто пас аз бунёди Роғун низ ин миқдорро истифода хоҳем кард».
«Аммо» Ҳамрохон Зарифӣ изҳор намуд «Тоҷикистон имрӯз ба нерӯи барқ ниёз дорад ва нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун манбаи нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза, арзон ва фаровон хоҳад гашт. Имрӯз мо бо мушкилоти асосӣ – зуҳуроти обшавии пиряхҳо дучор шудаем. Дар тӯли 100 соли охир, сеяки миқдори умумии пиряхҳо нобуд шудаанд. Оби Амударё ва Сирдарё барои обёрии заминҳои фарох истифода мешавад, ки боиси хушкшавии Баҳри Арал гаштааст».
Инчунин ҳисоботи мазкур, мушаххасоти мулоқоти пурмӯҳтавои маро бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ки дар ш. Душанбе анҷом додам, фаро мегирад. Ҷаноби Зуҳуров изҳор дошт, ки «Мо бо Иттиҳоди Аврупо муносибатҳои нек дорем ва ба равобит бо он аҳамияти хосса зоҳир менамоем. Мо аз соли 1989 ин ҷониб ҳамкориҳои зичи дуҷониба дорем ва дар ин муддат як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Комиссияи Аврупо соли 1993 дафтари худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Имрӯзҳо, мо бо Иттиҳоди Аврупо барномаҳои сершумори муштарак дорем, масалан, барномаҳои дастгирии таъминоти озуқаворӣ ва доруворӣ, беҳдошт ва беҳтар гардонидани оби нӯшокӣ. Нуқтаҳои асосии Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ки соли 2004 ба имзо расида буд, таҳкими назорати сарҳадот ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддирро дарбар мегиранд».
«Аммо», ӯ афзуд «масъалаи мубрами имрӯз сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ мебошад. Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, мо пахта истеҳсол намуда, бар ивази он нерӯи барқ мегирифтем. Аммо, имрӯз, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ роҳи ягонаи таъмини рушди иқтисодиёти мо мебошад. Айни замон, мо 25-30 миллиард кВт нерӯи барқ дар як сол истеҳсол мекунем. Иқтидори истеҳсолии нерӯи барқ дар кишвар ба зиёда аз 500 миллиард кВт баробар аст. Бинобар ин, Роғун мавзӯи ҳаёту мамоти мост. Ин тарҳ ҳанӯз соли 1990 қариб ба итмом расида буд, аммо бинобар сар задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, корҳои минбаъдаи сохтмонӣ қатъ гардиданд. Мо бояд Роғунро барқарор ва сохтмони онро ба итмом расонем».
Дар хотима, ман Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро барои дастгирии чашмрас дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 табрик менамоям. Ин лоиҳаи минтақавиест, ки сохтмони хаттҳои баландшиддати интиқоли барқро барои содироти нерӯи барқ аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистон дарбар мегирад. Он ба барқарорсозии иқтисодиёти ин кишварҳо мусоидат намуда, метавонад дар кори истиқрори сулҳи пойдор ва суботи сартосарӣ дар ин минтақаи даргир нақши муҳим бозад.
Струан Стивенсон
(
Struan
Stevenson
)
– Вакили Парлумони Аврупо аз Шоҳигарии Британияи Кабир, узви гурӯҳи консервативӣ дар Парлумони Аврупо, Раиси ҳайъати Парлумони Аврупо оид ба равобит бо Ироқ ва Президенти Гурӯҳи байнипарлумонӣ оид ба тағйирёбии иқлим, гуногуннавъии биологӣ ва рушди устувор.