Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» – | Ба ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Узбекистон сокини 20 солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кушта шуд.
Тавре ба «АП» дар хадамоти марзии кишвар хабар доданд, шаби 9 апрел номбурда аз ноҳияи Хавасти вилояти Сирдарёи Узбекистон ба хона боз мегашт ва ҳангоми убури ғайриқонунии марз ба тирпаронии ҳушдори марзбонони узбек аҳамият надода роҳашро давом дод. Дар натиҷа ӯ ҳадафи тир қарор гирифта дар ҷои ҳодиса ҷонашро аз даст дод.
«Маълумоти дақиқи воқеа ба мо ҳанӯз маълум нест», афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки Узбекистон соли 2000 ум реҷаи яктарафаи раводидиро бо Тоҷикистон ба роҳ монд. Мувофиқи он сокинони навоҳеи наздимарзӣ ҳуқуқ доранд танҳо ба мӯҳлати на беш аз се шабонарӯз ба аёдати наздиконашон раванд. Вуҷуд доштани монеаҳои зиёд ҳангоми гузаштани нуқтаҳои марзӣ аз ҳар ду ҷониб сокинони навохеи наздимарзии Тоҷикистон ва Узбекистонро водор мекунад то ҳар чи бештар аз роҳи убури ғайриқонунии марз истифода баранд.