Душанбе. 14 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон,варзиш ва туризми назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ба Озарбойҷон сафар кард.
Тибқи нақша ӯ дар ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон ва варзиши ИДМ, ки қарор аст имрӯз дар шаҳри Боку оғоз шавад вазифаи раисиро бар ӯҳда дорад.
Тавре ба «АП» аз дафтари матбуотии кумита хабар доданд, М. Неъматов таърихи 16 апрел шаҳри Бокуро тарк намуда озими пойтахти Ҷумҳурии Арманистон мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар Ереван раиси Кумитаи кор бо ҷавонон,варзиш ва туризми Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ раисӣ хоҳад кард.