Душанбе. 13 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар Тоҷикистон барои гузарондани ҷарроҳии пайвандсозиии узвҳо аз аъзои бадани нафари ҳалокшуда истифода бурда мешавад. Дар ин хусус вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ дар Маркази ҷумҳуриявии пайвандсозии узвҳо ҳар чи бештар ҷарроҳии пайванди гурда гузаронида мешавад, ки дар аксар ҳолат ба ҳайси донор наздикони бемор баромад мекунанд. Аммо на дар ҳама ҳолат узви бадани наздикон ба бемор мувофиқ меоянд. Аз ин рӯ, мегӯяд вазир, зарурати пеш гирифтани чунин иқдом омад.
«Истифода аз узвҳои бадани нафари ҳалок гашта дар амалиёти пайвандсозӣ дар аксар давлатҳо, аз ҷумла Эрон низ таҷриба шудааст. Агар масъалаи мазкур ҳали худро ёбад узвҳои донорӣ танҳо баъди эъломи марги инсон, ки комисияи махсус муқаррар мекунад, аз ҷасад гирифта мешаванд. Албатта бо ризояти наздикони нафари ҳалокшуда», – афзуд вазир.
Ба иттилои директори Маркази ҷумҳуриявии пайвандсозии узвҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон Ашур Достиев, то имрӯз марказ 8 ҷарроҳии пайванди гурдаро гузарондааст. «Ба ғайр аз ду нафар, дигар бемороне, ки ба онҳо соли 2009 амалиёти пайванди гурда гузаронда шуд, зинда ва сиҳат саломатанд. Дар ҳоли ҳозир ду беморе, ки рӯзҳои наздик ҷарроҳии пайванди гурдаро паси сар карданд, зери назорати табибон қарор доранд. Ба ҳайси донор наздикони бемор баромад карданд», мегӯяд пизишк.
Ба гуфтаи Ашур Достиев боз 10 тан бемор барои гузарондани ҷарроҳии мазкур дар навбатанд. Нақша аст имсол барои нахустин бор ҷарроҳии пайванди ҷигар гузаронда шавад.
Тавре вазири тандурустӣ иброз дошт, арзиши як ҷарроҳии пайванди гурда дар Тоҷикистон 49 ҳаз. сомонӣ (наздики 11 ҳаз. доллар)-ро ташкил медиҳад. «Мо хароҷоти минималиро ҳисоб карда баромадем. Маблағ асосан ба марҳилаи баъди ҷарроҳӣ, ки зарурат ба доруҳои қимматарзиш пайдо мешавад, лозим аст.»