Бахшида ба ин ҷашн дар пойтахт як қатор чорабиниҳо баргузор гаштанд, аз ҷумлаи чорабинии варзишӣ – дуввумин марафони байналмиллалӣ ва мусобиқаи байналмиллалии теннис мебошанд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба «АП» хабар дод, дар марафон (дар масофаи 21 км 97 метр) намояндагони тамоми манотиқи кишвар ва пойтахтҳои давлатҳои ҳамсуд ширкат варзиданд.
Марафон аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ шурӯъ шуда тавассути Чорбоғ, Боғи ботаникӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, дар майдони марказии Дӯсти ба анҷом расид.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, барои баргузории марафон дар сатҳи зарурӣ аз фонди захиравии раиси шаҳр 178,4 ҳазор сомонӣ (муодили наздики 40 ҳазор доллар) чудо карда шуд.
Барандагони сабқатро бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонданд. Барои ҷойи аввал 3,5 ҳазор, ҷойи дуюм 3 ҳазор ва ҷойи сеюм 2,5 ҳазор доллар дода шуд.
Инчунин озмуни маҳаллаи беҳтарин, меҳмонхонаи беҳтарин, беҳтарин директори мактаб, боғчаи кӯдакона, муррабӣ, омӯзгор, соҳибкор, ронандаи нақлиёти мусофирбар ва дигарон ҷамъбаст гардид.
Ҳамзамон дар пойтахт рӯзҳои навоҳи ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешаванд, хабар доданд дар шаҳрдорӣ.
Дар боғи «Дӯстии халқҳо» рӯзи ноҳияи Файзобод ва дар хиёбони ба номи Мироненко рӯзи шаҳри Турсунзода баргузор гашт.
Рӯзи пойтахт дар Тоҷикистон ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел баргузор мешавад.