Душанбе. 18 апрел. «Азия-Плюс» – |Дар сурати паст накардани тарофаҳо барои ҳамлу нақли молу коло тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон, Афғонистон роҳҳои дигари алтернативии интиқоли молу колояшро хоҳад ҷуст. Дар ин бора раҳбари бахши иқтисоди сафорати Ҷумҳурии Афғонистон дар ҶТ Амирҳамза Саҳроӣ ба «АП» хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ахиран вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Афғонистон ба хадамоти сиёсати берунаи Тоҷикистон мактуб равона кард. Дар мактуб, ҷониби Афғонистон нигаронии хешро барои баланд бардоштани боҷи транзитии роҳи оҳан барои молу колои афғонӣ баён намудааст.
Палатаи саноату савдои Афғонистон аз ҳукумати Тоҷикистон дархости бознигарии тарофаҳои боҷи транзитӣ барои молу колои афғонӣ пешниҳод мекунад, «зеро он барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти иқтисоду савдо миёни давлатҳо мусоидат намекунад», мегӯяд Саҳроӣ.
Инчунин ӯ афзуд, ки «нусхаи мактуб ба вазорати молия ва палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон равона шудааст. Дар айни замон мо чавоби мактубро интизорем».
Қурбон Ҳақҷу, раҳбари палатаи савдо ва саноати Афғонистон, аз нигаронии кишвар барои баландбардории боҷи транзитӣ аз ҷониби Тоҷикистон, ҳанӯз аввали ҳафтаи сипаригашта, зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон боҷи транзитиро барои молу колои афғонӣ то ба 60% бардоштааст.
Ӯ инчунин иброз дошт, ки мушкили мазкур бо вазири умури хориҷаи кишвар баррасӣ шуд. Бар тибқи иттилои ВАО и Афғонистон , Тоҷикистон сеюм давлатест (пас аз Покистону Эрон), ки барои ҳамлу нақли моли афғонӣ мушкилӣ эҷод мекунад.
Қаблан Ҷумҳурии Афғонистон бо мушкилоти ҷиддӣ дар ҳамлу нақли молҳояш тавассути давлатҳои ҳамсоя- Покистон Эрон ва Узбекистон ру ба ру гашт. Дар натиҷа нархи маҳсулоти аввалия ва сӯзишворӣ дар кишвар ба маротиб афзуданд.