Душанбе. 18 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарият ва ҳайати махсуси нерӯҳои қудратии кишвар, ки дар амалиёти боздошт ва безараркунии гурӯҳи терористии Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ширкат доштанд, изҳори сипос намуд. Аз дафтари матбуотии раиси кишвар ба «АП» хабар доданд, ки имрӯз зимни баргузории ҷаласаи корӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарияти нерӯҳои қудратӣ супориш дод, то барои амнияти минбаъда ва мубориза бо ҷинояткорӣ чораҳои лозима андешида шаванд.
Дар натиҷаи амалиёти вижаи нерӯҳои қудратӣ, ки давоми чор рӯз дар ноҳияи Рашт гузаронда шуд, терористи байналмиллалӣ – Мулло Абдуллои 61 сола ва 16 ҷонибдори ӯ кушта шуданд.
Ҷангҷӯён дар минтақаи баландкӯҳӣ, тақрибан дар 50 километрӣ аз маркази ноҳияи Рашт кушта шуданд.
Дар доираи гузарондани амалиёт ду тан аз аҳолии осоишта, ки довталабона ба нерӯҳои қудратии кишвар кӯмак мерасонданд кушта шуда ду корманди милиса захм бардоштанд.
Ёдрас мешавем, ки дар амалиёти махсус чархболҳои низомӣ ва дигар лавозимоти харбӣ истифода бурда шуд.
Бар тибки иттилои ВКД, Мулло Абдулло давоми 10 сол дар пайгарди байналхалқӣ қарор дошт. Ӯ дар ҳамлаи чандкарата ба шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Рашт (солҳои 1992 то 1997) ва содир намудани дигар ҷиноятҳо муттаҳам дониста мешавад.
Дар қатори ҷинояти ахир ҳамла ба корвони Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, таърихи 19 сентябри соли 2010, ки дар натиҷа 28 афсар ва аскари артиши миллӣ ба ҳалокат расиданд, маҳсуб мегардад.
Тибқи иттилои расмӣ дар ин ҳамла инчунин Аловуддин Давлатов, мулақаб ба Али Бедакӣ ширкат дошт, ки таърихи 4 январи соли 2011 бо ҳамроҳонаш дар Рашт кушта шуданд.
Дар ҳоли ҳозир амалиёти тафтишотӣ барои муқаррар кардани шахсияти терористон гузаронда мешавад, хабар медиҳад ВКД.