Душанбе. 19 апрел. «Азия-Плюс» – | Ояндаи наздик дар қарибии бозори «Саховат» истгоҳҳои зеризаминӣ барои нақлиёт сохта мешаванд, ки интизор аст ҳаракати мошинҳоро дар ин ноҳия сабуктар кунад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ феълан ноҳияи мазкур барои таъсиси чунин истгоҳҳо ниёзи бештаре дорад.
«Аз сабаби нарасидани истгоҳҳо барои нақлиёт дар ин минтақаи шаҳр, мушкили дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт зиёд ба мушоҳида мерасад,- илова намуд директори агентӣ. –Шояд барои ҳали ин мушкил масъалаи таъсиси истгоҳҳои зеризаминӣ баррасӣ шавад».
Мушкили мазкур дар дигар бозори шаҳр – «Корвон» низ мушоҳида мешуд, аммо он бо кушодани роҳҳои даврӣ ҳали худро ёфт.
Инчунин Абдувалӣ Комилов афзуд, ки корҳои тахрибии бозори «Баракат» идома доранд.Сохтмончиён дар тахриби бозор аз эҳтиёт кор мегиранд то маводи сохтмонии он барои бунёди бозори нав қобили истифодабарӣ бошад.
«Агентии сохтмон ва меъморӣ ният дорад бозори нав дар ноҳияи Зарафшон, яке аз ноҳияҳои бузурги канори шаҳр , бунёд кунад» изҳор дошт Комилов.