Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар баланд шудани сатҳи тавварум дар кишвар нооромиҳои Лубнонро айбдор мекунад.
«Касе интизор набуд, ки дар Лубнон ҷанг шурӯъ мешавад. Нооромиҳо дар Лубнон ба баланд шудани нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва қабл аз ҳама арзиши нафт мусоидат кард», – изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ, Шариф Раҳимзода.
Бу гуфтаи раиси Бонки миллӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ тавварум 4,5% ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9% зиёд аст. Охири сол тавварум дар кадом сатҳ қарор хоҳад дошт, пешгӯи кардан душвор аст.
«Президенти кишвар дар паёми дирӯзаи худ гуфт, ки мо бояд тавварумро дар сатҳи 7-9% нигоҳ дорем, аммо мутаасифона, он ҳаводисе, ки дар ҷаҳон имрӯз рух медиҳанд микони пешгӯи намудани тавварумро намедиҳанд», – афзуд Шариф Раҳимзода.
Бо вуҷуд, раиси Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки арзиши маҳсулоти аввалияи рӯзгор метавонад гарон шавад, аз ин рӯ захира кардани онҳо аз манфиат орӣ нахоҳад буд.