Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Даромади ширкати «Тоҷик Эйр» дар се моҳаи аввали соли равон 12 млн сомони (2,6 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригашта 5 маротиба зиёд аст.
Тавре директори ҶСШК «Тоҷик Эйр» Музаффар Исоқов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, чунин даромад дар натиҷаи ба танзим даровардани кори ширкат ба даст омад.
«Танзими дурусти фурӯши чиптаҳо ва дастрасии онҳо ба мусофирон ба он оварда расонд, ки теъдоди мусофирони самти парвози байналхалқӣ то 20 % афзуданд. Новобаста аз он, ки шумораи парвоз дар соли равон ба маротиб кам карда шуд, мо тавонистем фоидаи бештаре ба даст орем», -иброз дошт Исоқов.
Инчунин директори ширкати хавопаймоӣ гуфт, ки парвозҳои дохилӣ, ки аз ҷониби ширкат амалӣ мешаванд ҳармоҳа ба миқдори наздики 150 ҳазор доллар хисорот меоранд.
«Ин ба гароншавии пайвастаи нархи хизматрасониҳои замонавии ҳавопаймоӣ ва сӯзишворӣ вобаста аст. Агар пешниҳоди мо дар хусуси паст кардани нархо ба чунин хизматрасонӣ барои парвозҳои дохилӣ дастгирӣ ёбад, мо метавонем павроз дар хатсайри Курғонтеппа, Кулоб ва Панҷакентро барқарор кунем», – изҳор дошт манбаъ.