Душанбе. 26 апрел. «Азия-Плюс» – | Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки вазифаи мубориза бо фасодро бар дӯш доранд, аксаран худ ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ, рузи сешанбе ,26 апрел, директори Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, миёни мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ намояндагони ВКД дар феҳрасти фасодзадатарин мақомот ҷойи хоса касб мекунанд. «Эҳтимолан ин аз сабаби зиёд будани кормандони ин вазорат, дар қиёс ба дигар мақомотҳо мебошад. Ва инчунин аз ин хотир, ки милиса ҳар рӯз, ҳар соат бо мардум сару кор дорад», мегӯяд Саидов. Гуфта мешавад, ки дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ 11 ҷинояти хислати корупсиони дошта аз ҷониби 9 корманди милиса, 7 ҷиноят аз сӯйи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, 6 ҷиноят аз тарафи 5 корманди Вазорати дифоъ ва ба ҳамин шумор аз сӯйи ду корманди прокуратура содир карда шуданд.
Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод қонунвайронкунии ахиран дар Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансур ошкор шударо мисол оварда гуфт, «Чанде пеш шӯъбаи мазкур як шаҳрванд, писари шахси шинохтаро бо ҷурми гумонбар шудан дар мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддар боздошт кард. Барои аз ҷавобгарӣ озод кардани ӯ чавони дигари бист соларо ёфта барои ба дӯши худ гирифтани ҷавобгарӣ ба волидайнаш 20 ҳазор доллар пешниҳод карданд. Онҳо ҳамчунин ваъда карданд, ки муддати 3-4 соли оянда писарашонро аз маҳбас мебароранд». Бар тибқи маълумоти Саидов феълан як гурӯҳ кормандони Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансур, аз ҷумла сардори шӯъбаи тафтишотӣ, муовини ӯ, муфаттише, ки бевосита ин корро пеш мебурд, дастгир шудаанд. «Мо боз ду тани дагарро, ки дар ин ҷиноят ҳамроҳ ҳастанд ошкор кардем», – гуфт Саидов ва афзуд, ки «баъзе аз кормандони милиса инсофро аз даст додаанд».