Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс. — Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт фурӯшандагони гӯштро, ки аз нархи тавсияшудаи раиси шаҳри Душанбне Маҳмадсаид Убайдуллоев зиёд мефурӯхтанд, боздошт карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Қудратулло Ғулрмов иттилоъ дод, зимни баргузории корхои фаврӣ-ҷустучӯйи ба гумони дст доштан дар ин амал сокини ноҳи яи Фирдавсии пойтахт Раҳматулло Т., Ашӯралӣ С. ва дар норҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шахрванд Идибек С. боздошт шудаст.
Ба қавли Ғуломов, боздоштшудагон як кило гӯштро ба ҷойи нархи тавсиядодашудаи 24 сомонӣ аз ҷониби раиси шаҳри Душане бо арзиши 27-28 сомонӣ мефурӯхтаанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки нисбати ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.