Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2011» ҳудуди 200 кило маводи мухаддир дарёфт ва мсуодира карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар зарфи 10 рӯз аз оғози амалиёт 9 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, дар натиҷа 195 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 7 кило героин, 442 грамм афюн, беш аз 187 кило ҳашиш ва ҳамчунин 8 дона ҳаби «экстази» дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки амалиёти «Кӯкнор» ҳамасола бо мақсади ошкор сохтан ва нобудсозии кишти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир доир мегардад. Амалиёт аз 1-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома меёбад.