spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Бозори “Сомон” баста намешавад

Баробари наздик шудан ба бозори “Сомон”, ки дар маҳаллаи Гипрозем  воқеъ аст, навиштаҷоти “Рӯзи сантирӣ” ба чашм мехӯрад ва ҳамчунин теъдоди зиёди тоҷиронро низ дидан мумкин аст, ки на чун маъмул ба фурӯши маҳсулот, балки ба рангу бор ва тоза кардани нуқтаҳои савдои худ машғуланд.

Ин тоҷирон мегӯянд, бархе аз онҳо ҳатто ду шабонарӯз аст, ки ба манзилҳои худ нарафта, дохили бозорро тоза мекунанд. Чанд рӯзи пеш мақомоти марбутаи шаҳрдорӣ пас аз гузаронидани санҷиш  эълон доштанд, ки ин бозор бинобар нақзи талаботи санитариву гигиенӣ ва риоя нашудани қоидаҳои зидди сӯхтор баста хоҳад шуд.

Шаҳрдори Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шахсони дахлдорро ҷиҳати таъмини ҷойҳои корӣ ба фурӯшандагони бозори мазкур дар дигар бозорҳои пойтахт муваззаф сохтааст.

Хабари баста шудани бозори “Сомон”, ки асосан ҳамчун бозори арзон дар миёни сокинони пойтахт маъруф аст, бештар аз ҳама тоҷирони онро, ки беш аз ҳазор нафаранд, нигарон сохт.

Фарида модари чанд фарзанд мегӯяд, ин хабар боис ба фишорбаландӣ ва асабонияти ӯ шудааст. Ӯ гуфт, вай танҳо таъмингари хонаводааш аст ва чаҳор сол боз дар ҳамин бозор кор кардаву барои кӯдакони хурдсолаш нон пайдо мекунад. Вай гуфт, агар ин бозор баста шавад намедонад рӯзгори ӯву фарзандонаш чӣ хоҳад шуд.

Нафиса Кримова,яке аз дигар тоҷирзанони ин бозор, ки то имрӯз ба фурӯши картошкаву пиёз машғул буд, мегӯяд, ҳарчанд даромади вай аз савдо дар ин бозор чандон зиёд набуд, аммо метавонист бархе аз хароҷоти зарурии хонаводаашро бипӯшонад. Вай афзуд, бо баста шудани ин бозор зиндагии ӯ ва дигар савдогарони он ба маротиб сахттар мешавад.

Як тоҷири бузургсоли ин бозор дар сӯҳбат бо мо гуфт, то ҳанӯз ҳайрон аст, ки чаро мақомоти дахлдор тасмими бастани ин бозорро гирифтааст. Зеро вай мегӯяд, 15 сол инҷониб дар ҳамин бозор фаъолият дошт ва то имрӯз ҳеҷ мушкиле дар ин замина пеш наомада буд.

Дар ҳамин ҳол Ҳошим Абдиев раҳбари бозори “Сомон” овозаҳоро дар мавриди баста шудани ин бозор беасос хонд ва кор накардани бозорро мувақаттӣ донист. Вай афзуд, аз сӯи шаҳрдорӣ ба онҳо мӯҳлат дода шудааст, то ҳарчӣ зуд камбудҳои ҷойдошта дар ин бозорро бартараф кунанд. Раиси бозори “Сомон” мегӯяд, дар сурати қонеъ кардани талаботи мақомоти дахлдор  ин бозор ба фаъолияти худ идома хоҳад дод ва тоҷирон низ ба савдои молҳои худ хоҳанд пардохт.

МЕДИА (Youtube Embed)

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...