Душанбе. 20-уми май. «Азия-Плюс» — Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар қаламрави посгоҳи шашуми гурӯҳи марзбонии Панҷ як даста марзбонон ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ноҳияи Панҷ ҳадафи оташи гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ қарор гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев иттилоъ дод, пас аз муқовимати ҷавобии марзбонон гурӯҳи номаълум ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурдааст. «Субҳи имрӯз дар ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников бо се тирдон, 10 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин, 2 кило афюн ва 2 кило ҳашиш дарёфт шуд», – гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки дар натиҷаи ин задухӯрди мусаллаҳона ҳеҷ афроде аз марзбонон ва кормандони КДАМ осеб надидаанд.