Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Имрӯз дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҷаласаи саҳмдорони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғӯн» баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ҷаласа масъалаи тасмими баргузории маҷлиси умумии саҳмдорон ва ба ин васила муайян кардани шумораи саҳмдорон ва маблағҳои воридшуда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. «Барои муайян намудани ҳайати Комиссияи тафтишотӣ, Комиссияи баҳисобгирӣ ва Шӯрои нозирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд», – гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, ҳуқуқшиноси корхона Манучеҳр Сафаров оид ба тартиби пур кардани варақаҳои овоздиҳӣ маълумоти муфассал дод.
Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии ба суратҳисоби нерӯгоҳи «Роғун» гузаронида аз ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зиёда аз 18 млн сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 5,2 млн сомонӣ маблағи кормандон буда, 13 млн сомонӣ маблағи фурудгоҳ аст.