spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Минбаъд борҳои стратегии Сангтӯда-2 тавассути Ӯзбекистон интиқол дода намешаванд

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Ширкати эронии «Фароб», ки ба сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда-2» дар Тоҷикистон машғул аст, минбаъд ба интиқоли таҷҳизоту механизмҳои стратегӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон хотима мебахшад.

Намояндаи ширкати мазкур Саид Аскарӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки минбаъд тавассути қаламрави Ӯзбекистон танҳо он бору таҷҳизотеро интиқол хоҳанд дод, ки онро метавон муддати чанде интизор шуд. «Ин тасмим ба он далел пеш гирифта шуд, ки соли гузашта дар истгоҳҳои роҳи оҳани кишвари ҳамсоя масолеҳи сохтмону таҷҳизоти барои нерӯгоҳ пешбинишуда муддати якчанд моҳ боздошта шуда буданд ва лозим омад, ки борҳои махсусан муҳимро тавассути роҳи ҳавоӣ интиқол диҳем, ки ин тарзи интиқол хеле гарон аст», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, акнун ин гуна масолеҳу таҷхизот дар Чин фармоиш дода шуда, аз ҳамон ҷо оварда мешаванд ва маҳсулоти дар Эрон тайёршуда тавассути қаламрави Афғонистон интиқол дода мешавад.

Саид Аскарӣ ҳамчунин зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки навбати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» то моҳи сентябри соли равон ба истифода дода шавад ва дар робита ба ин масъала, аз Эрон мутахассисон даъват гардида, онҳо айни замон масъалаи имкони тезонидани ба истифода додани ду агрегати аввалро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Қаблан мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» моҳи феврали соли 2012 ба нақша гирифта шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз гардида, минбаъд иҷрои корҳо дар он ба иллати камбуди маблағ ва ҳамчунин оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боздошта шуда буданд ва сипас соли 2006 бо дастгирии Эрон ба иҷрои корҳои насбу сохтмон дар он идома бахшида шуд.

Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»  ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...