Душанбе. 23 май. Азия-Плюс – Ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ оид ба таҳияву коркарди Кодекси нави андози Тоҷикистон доир гардид, ки дар ҷараёни он нақша ва ӯҳдадориҳои аъзои гурӯҳи корӣ тасдиқ гардида, ҳамчунин тамоми масоили тадорукотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи нахустини тадорукотии гурӯҳи корӣ, раиси гурӯҳ, муовини вазири молияи кишвар Ҷамшед Норинов аз аъзои гурӯҳ даъват ба амал овард, ки чорабиниҳои пешбинишударо саривакт ва хушсифат ба анҷом расонанд.
Қобили зикр аст, ки гурӯҳи корӣ оид ба таҳияву коркарди Кодекси нави андози Тоҷикистон мутобиқи қарори ҳукумати кишвар 18 май таъсис дода шуда, ба ҳайати он намояндагони вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва ҳамчунин намояндагони Ассотсиатсияи бонкҳо ва Ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёнаи ҷумҳурӣ шомил мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат суориш дод, ки то нимаи дуввуми соли 2012 лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири навро омода сохта, дар баррасии он доираи васеи коршиносону мутахассисон ва соҳибкорону тоҷиронро ҷалб намояд.
Қобили зикр аст, ки ба Кодекси андози амалкунандаи ҷумҳурӣ, ки соли 2005 қабул шуда буд, чандин маротиба тағйиру иловахо ворид гардида, камбудиву норсаоиҳои он борҳо аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ, соҳибкорони ватанӣ ва коршиносон мавриди интиқод қарор гирифта буд.
Дар робита ба ин масъала аз ҷумла дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коршиноси масоили иқтисодӣ Ҷамшед Раҳмонбердиев изҳор дошт, ки сиёсати ҷории андоз дар кишвар ба афзоиши истеҳслоти ватанӣ мусоидат намекунад. «Чун дар Тоҷикистон барои истеҳсолкунандаи ватанӣ имтиёҳои мусоиди андоз вуҷуд надорад, пас сармоягузорони мо маҷбуранд, ки воситаҳои худро ба амволи ғайриманқул масраф созанд ва аз ин рӯ, Кодекси андозро мебояд тарзе таҳия намуд, ки аз он истеҳсолкунандаи ватанӣ ҳавасманд гардад ва ғайр аз ин, тартиботи пардохи маблаги андоз бояд хеле соддаву фаҳмо бошад», – гуфт ӯ.