Душанбе. 23-уми май. «Азия-Плюс» — Футболбозои навраси тоҷик дар мусобиқот таҳти унвони «Оянда аз ту вобаста аст» дар шахри Сочии Русия пирӯзӣ ба даст оварданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов иттилоъ дод, дар ин мусобиқот бо шумули ду даста аз Тоҷикистон 22 даста аз хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳои Русияву кишварҳои хориҷи наздик ширкат варзидаанд. «Дар вохӯрии ниҳоии гурӯҳи синнусоли хурдсолон дастаҳои мактаб-интернати ноҳияи Румии вилояти Хатлон ва мактаб-интернати кишвари Абхазия бо ҳам қувваозмоӣ намуда, футболбозони тоҷик дар ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шуданд», – гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, дастаи дигари Тоҷикистон аз ҳисоби тарбиятгирандагони интернати № 1-и пойтахт соҳиби медалҳои биринҷӣ шудаанд ва акнун тобистони соли равон дастаҳои Тоҷикистон ба шаҳри Лондон ба дастаи «Арсенал» ба меҳмонӣ мераванд. «Футболбозони навраси мо дар ин мусобиқот аз таҷрибаи арзишманд бархӯрдор гардида, ба чӣ қодир будани худро возеҳ нишон доданд», – афзуд номбурда.