spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Муроҷиати журналистону коршиносони тоҷик ба парлумон

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Иштирокчиёни мизи мудаввари «Вижагиҳои фаъолияти журналистӣ дар шароити муосир: мушкилоти ВАО-и Тоҷикистон» ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як муроҷиатномаи ирсол карданд. Онҳо эҳтиромона хоҳиш кардаанд, ки мавқеи журналистон ва коршиносони ВАО-и кишварро нисбати матну мӯҳтавои лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» ба эътибор гиранд.

Дар муроҷиатнома зикр мегардад, ки  омӯзиши лоиҳаи қонуни мазкур аён сорхтааст, ки он дорои як қатор бартариҳо буда, аммо аз камбудиҳо низ холӣ нест.

Дар робита ба ин, онҳо чунин таклифу пешниҳодот ироа кардаанд:

1. Моддаи 2-и лоиҳа ба иловае эҳтиёҷ дорад, ки бартарии меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшударо таъкид кунад;

2. Матни моддаи 3-и лоиҳа нисбати он, ки редаксия метавонад масъулияти ахбору маводи нашркардаашро ба дӯш нагирад, нодуруст ва хилофи қонунгузорист;

3. Бақайдгирии давлатии ВАО бо тартиби барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муқарраршуда (моддаи 6-и лоиҳа) иштибоҳи дағали ҳуқуқист, зеро ВАО усулан наметавонанд субъекти ҳуқуқ бошанд – онҳо ҳамагӣ ва фақат шакли паҳн намудани ахбори оммаанд. Нигаред ба матни моддаи 1-и лоиҳаи қонун: ВАО ин рӯзнома, маҷалла…, хабарҳои агентиҳо, барномаҳои телевизиону радио ва ғайра мебошад. Яъне ВАО ташкилот ё шахс нестанд. Дар ин сурат, баҳисобгирии давлатии ВАО (моддаи 7-и лоиҳа), ки бо чунин тарзи бақайдгирии давлатӣ асос ёфтааст, низ эътибори ҳуқуқӣ нахоҳад дошт, ногуфта аз он, ки такрори бақайдгирии як шахси ҳуқуқӣ мамнӯъ аст;

4. Бақайдгирии ВАО ва оинномаи редаксияи он (агар редаксия чун шахси ҳуқуқӣ ташкил шавад) бояд ба зиммаи Вазорати адлия ва ё беҳтар ба мақомоти махсуси (масалан агентӣ, хадамот ва ғ.) ваколатдори давлатӣ доир ба ин соҳа гузошта шавад;

5. Бо назардошти он ки мафҳумҳои «раддия» ва «ҷавоб» комилан мухолифанд, зарур аст, ки дар моддаи 19-и лоиҳа ҳар яке аз ин ҳолатҳоро алоҳида шарҳ дода, асос ва тартиби амали ҳуқуқи раддия ва ҷавоб (чун дар моддаи 174-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҷудогона ва мукаммал дарҷ гардад;

6. Вобаста ба матни ҳамин моддаи 19-и лоиҳа қайд кардани он ҳолатро зарур мешуморем, ки шахси ҳуқуқӣ наметавонад соҳиби «шаъну шараф» бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 5 ва 42), Кодекси гражданӣ (моддаи 174) чунин ҳолатро фақат ба шаҳрванд ва инсон мутааллиқ медонанд.

7. Пешниҳод менамоем, ки қисми охирини моддаи 25-и лоиҳа чун матни моддаи 7-и Қонуни Конститутсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардад: «дар иттилооти худ натиҷаи баррасии парвандаи мушаххасро пешакӣ ҳал намоянд». Ҳамин моддаи лоиҳа, ба андешаи мо, метавонист бо матни қисми 2-и моддаи 144-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳфуз доштани манбаи иттилоотро муайян мекунад, пурра карда шавад;

8. Лозим мешуморем, ки дар лоиҳа меъёрҳои моддаи 38-и Қонуни амалкунанда «товони зарари маънавӣ» бо номи нави «ҷуброни зарари маънавӣ» (чун дар Кодекси гражданӣ) барқарор шаванд ва ба он сархати дуюме бо мазмуни зайл илова гардад: «андозаи ҷуброни зарари маънавиро суд аз рӯи талаботи оқилона ва одилона, бо назардошти вазъи молумулкии редаксияи воситаи ахбори омма муайян менамояд. Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ набояд ба маҳдуд гардонидани фаъолияти воситаи ахбори омма ва ё ба бастани фаъолияти он оварда расонад»;

9. Ба моддаи 32-и лоиҳа меъёри зерин аз моддаи 36-и Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» илова карда шавад: «агар ин маълумот тавассути васоити дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он зикр гардида бошад»;

10. Дар лоиҳаи конун бояд моддаи махсус ба асосҳо, шарту шароит, тартиби қатъи табъу нашр ва боздоштани фаъолияти ВАО бо бақайдгирии чунин амалҳо бахшида шавад. Инчунин дар матни лоиҳа мебоист мафҳум ва мӯҳтавои амалҳои таҳқиқоти журналистӣ ва тартиби паҳн намудани ахбору маводи бо истифодаи сабти ниҳонӣ (скрытая запись) гирифташуда ҷой дода мешуд.

Ба андешаи иштирокчиёни мизи мудаввар, ҳоло ки лоиҳаи қонуни мазкур барои омӯзиш ва таҳқиқи иловагӣ дар кумитаҳо ва шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қарор дорад, ба назар гирифтани ҳолатҳои дар боло зикргашта бешубҳа ба манфиати кор хоҳад буд.

Дар ин муроҷиатнома гуфта мешавад, ки «дар айни замон лоиҳа аз дигар лаҳзаҳои заифии ҳуқуқӣ, мантиқӣ ва таҳрирӣ низ холӣ нест. Масалан ҷой доштани ибораи «хусумати иҷтимоӣ» дар моддаи 9-и лоиҳа дар сурати набудани тавзеҳи чунин мафҳум ба фаъолияти харрӯзаи журналиcтоне, ки проблемаҳои танқидӣ-иҷтимоиро мебардоранд, хатари ҷиддие хоҳад буд».

Ҳамзамон, иштирокчиёни мизи мудаввар бо назардошти нақшу мақоми ВАО дар ҷамъияту давлат, ки аз ҷумла аз паёми имсолаи Президенти кишвар ба парламенти мамлакат бармеоянд, пешниҳод мекунанд:

– Дар асоси меъёрҳои дахлдори Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро дар ду қироат баррасӣ намояд ва баъди қироати аввал онро ба муҳокимаи умумихалқӣ барорад;

– Гузаронидани муҳокимаи парламентии лоиҳаи қонун «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» бо иштироки намояндагони ВАО низ зарурати воқеӣ дорад ва мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...