spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Натиҷаҳои маҷлиси нахустини умумии саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун»

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» – | Дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе маҷлиси нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» доир гардид.

Раисикунандаи маҷлис – нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов зикр намуд, ки то соли 2010-ум молики ягонаи саҳмияҳои Ҷамъият ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт ва аввали соли гузашта ба маблағи 6 млрд. сомонӣ саҳмияҳои Ҷамъият барои фурӯш ба бахши хусусӣ бароварда шуда, қисмате аз он харидорӣ шуд ва чун пас аз ин мутобиқи қонунгузорӣ, идоракунии ширкат бояд аз ҷониби ҳамаи саҳҳомон сурат бигирад, маҷлиси умумии солонаи саҳҳомон даъват карда шуд.

Директори генералии ҶСК «НБО Роғун» Нурулло Шулашов зимни пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолият ва баҳисобгирии муҳосибии корхона, изҳор дошт, ки соли гузашта аз фурӯши саҳмияҳо 801,9 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ гардида, маблағи умумии хайрияҳо 28,3 млн. сомониро ташкил медиҳанд ва айни замон ба бахши хусусӣ 13,3%-и саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» тааллуқ дорад. «Соли гузашта барои иҷрои корҳои барқароркунӣ 641,2 млн. сомонӣ маблағҳои буҷавӣ масраф гардида, 202,2 млн. сомонӣ маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо бадастомада ҷиҳати харидории таҷҳизоти электроэнергетикӣ истифода шуд», – гуфт ӯ.

Директори генералии Ҷамъият ҳамчунин иброз дошт, ки соли гузашта барои иҷрои корҳои барқароркунӣ ва хариди таҷҳизоти зарурӣ 875 млн. сомонӣ (650 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷа ва 225 млн. сомонӣ аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо) маблағ ҷудо гардида, аз ин миқдор то кунун 843,3 млн. сомониаш азхуд карда шудааст.

Директори Агентии рушди коғазҳои қимматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Точикистон Ҷамшед Норинов иттилоъ дод, ки айни замон шумораи овозҳои умумии саҳҳомон 58,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни маҷлис ба саҳҳомон барои овоздиҳӣ ва тасдиқ рӯйхати аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» пешниҳод гардид, ки ба ҳайати он нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири адлия Бахтиёр Худоёров, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, директори ҶДММ «Сомонӣ Лтд.» Қурбон Юсуфов, директори генералии ҶСП «Хуҷанд инвест коттон» Муқим Неъматов ва директори генералии ҶСК «САНИИОСП» Ҷамшед Аҳмедов шомил гардиданд.

Ғайр аз ин, барои овоздиҳӣ ҳамчунин рӯйхати аъзои Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии Ҷамъият низ пешниҳод шуд.

Барои тасдиқ дар маҷлиси умумии саҳҳомон ширкати аудитории «Делойт энд Туш» низ муаррифӣ гардид, ки он ҷиҳати баргузории аудити (санҷиши) фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» барои солҳои 2008, 2009 ва 2010 интихоб шудааст. Зимни муаррифии ширкати мазкур вазири молияи ҷумҳурӣ зикр намуд, ки тайи се соли ахир аудиторони «Делойт энд Туш» дар як қатор корхонаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла БДА «Амонатбонк», ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ширкати «Помир Энержи» ва ғайра санҷиши молиявӣ доир намуда, дар ин самт аз таҷрибаи бою ғанӣ бархӯрдор будани худро нишон доданд.

Дар маҷмӯъ, саҳҳомон тавассути овоздиҳии пинҳонӣ аз рӯйи 11 масъалаи рӯзномаи маҷлис овоз доданд.

Ба гуфтаи нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, дар муддати се рӯз варақаҳои овоздиҳии саҳҳомон коркард ва санҷида шуда, бо гузашти даҳ рӯзи пас аз маҷлис натоиҷи он дар матбуоти даврӣ ба нашр хоҳад расид.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...