spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон қимати чиптаҳоро афзуданӣ нестанд

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Сарфи назар аз болоравии маводи сӯхти ҳавопаймоҳо, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ояндаи наздик нияти афзудани қимати чиптаҳои ҳавопаймоҳоро надоранд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, иқтисодчиёни ширкат як таҳлиле доир сохта, ба хулосае расидаанд, ки болоравии арзиши маводи сӯхт, наметавонад ба афзоиши тарофаҳо боис гардад, зеро гап сари он аст, ки чанде қабл ширкат арзиши роҳкиро ба хатсайри ҳавоии самти Маскав ва Истамулро афзуда буд ва айни замон барои ин ҳеҷ зарурате нест.

Аз ҶСК «Тоҷик Эйр» дар робита ба ин масъала иттилоъ доданд, ки «феълан тарофаҳои мавҷуда мавриди омӯзиши мақомоти раҳбарӣ қарор дорад, вале алҳол сухан сари афзудани он намеравад, зеро дар сурати афзудани қимати чиптаҳо, ширкат метавонад мизоҷони худро аз даст диҳад, вале ба ҳар ҳол, метавон дақиқан гуфт, ки болоравии маводи сӯхти ҳавопаймоҳо бешак ба даромади ширкат таъсири манфӣ хоҳад гузошт».

Намояндаи расмии ширкати «Air Baltic», директори ҶДММ «Глобал транс»-и Латвия дар Тоҷикистон Мирзоалӣ Маҳмудов дар сӯҳбат бо хабарниори ОИ «Азия-Плюс» зимни шарҳи масъалаи мазкур чунин ибрози андеша намуд, ки ба мақомоти раҳбарии ширкат бобати болоравии арзиши маводи сӯхти ҳавопаймоҳо огоҳинома ирсол гардидааст, вале сиёсати нархгузории ширкати мазкур аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба куллӣ тафовут дорад ва арзиши чипта ба мӯҳлати хариди он вобаста аст, яъне то кадом фосилае мӯҳлати парвоз дертар бошад, то ҳамон андоза қимати чипта пасттар аст. «Мақомоти раҳбарии ширкати «Air Baltic» қимати чиптаҳоро зиёд намекунад, зеро тарофаҳо ба чиптаҳои ҳавопаймоии ширкат бо назардошти ҳамаи тағйирот дар бозори ҷаҳонии маводи сӯхти ҳавопаймоҳо муқаррар шуда буданд», – афзуд ҷаноби Мирзоалӣ Маҳмудов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ» (ШТС) ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро огоҳ сохт, ки шурӯъ аз 10-уми июн арзиши сӯзишвории ҳавопаймоҳо барои 1 тонна аз 1 ҳазору 660 то 1 ҳазору 700 доллари ИМА боло меравад.

Директори ширкати мазкур Муҳаббатшо Абдулхаев хабар дода буд, ки захираҳои сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо, ки моҳҳои марту апрели соли равон ворид шуда буданд, то аввали мохи июн кифоя аст ва бо воридоти миқдори нави сӯзишворӣ аз Русия арзиши он боло хоҳад рафт, зеро 90%-и ин навъи сӯзишворӣ маҳз аз Русия ворид гардида, таври маълум ин кишвар боҷҳои содиротии гумрукиро афзудааст, ки иллати аслии болоравии арзиш низ ба он асос меёбад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...