Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — |Зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати таъсири манфии болоравии қимати маводи сӯзишворӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус қишри осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард.
Дар робита ба ин масъала сарвари давлат гуфт, айни замон дар бозори истеъмолии кишвар зуҳуроти номатлубе арзи вуҷуд карда истодаанд, ки онҳо дар фазои иқтисодии мамлакат мушкилиҳо эҷод менамоянд. «Алалхусус, болоравии нархи маводи сўзишворӣ, ки дар натиҷаи афзоиши нархи он дар бозори ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани боҷу пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби баъзе кишварҳои содиркунанда ба вуқўъ пайваст, суботи бозори истеъмолӣ ва ҳамзамон ҳолати иҷтимоиро дар кишвар халалдор намуд. Аз ин сабаб сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ то ба 6,1 фоиз расидааст», – иброз дошт ӯ.
Сарвари давлат ҳамчунин зикр кард, ки вазъияти баамаломада ба тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонид ва ин раванд, пеш аз ҳама, табақаҳои осебпазири аҳолиро фаро гирифта истодааст, ки боиси нигаронист.
Ёдрас мекунем, ки дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор шуд. Дар ҷаласа масоили марбут ба амалисозии барномаи «Стратегияи миллии рушд: афзалиятҳои миллӣ ва омилҳои таъсиррасон ба татбиқи он» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори чаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва ҳамчунин шарикони Тоҷикистон оид ба рушд ширкат варзиданд.