spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон: Таъмини волоияти қонун аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумат аст

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Гурўҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза бо қонунигардонии маблағ аз Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризмро, ки таҳти роҳбарии Ёвари иҷроияи Котиботи Дафтари гурўҳи мазкур, Муовини вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Даниел Гласер  ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷкистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ доир ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусан бо ҷиноятҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид.

 «Таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон аст», – изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

 Зикр гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм ва бо тавсияҳои ин созмон дар Тоҷикистон корҳои зиёди самарабахш анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, Раёсати назорати молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо ҳамин мақсад таъсис ёфтааст, дар мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм бо сохторҳои марбутаи кишвар ҳамкории босамар ба роҳ мондааст. ҳамчунин қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм» таҳия ва қабул гардид. Дуюним маротиба афзудани ошкорсозии ҷиноятҳои коррупсионӣ низ натиҷаи пурзўр шудани чунин мубориза дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

 Даниел Гласер ба қадамҳои нахустини Тоҷикистон барои мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии кишвар ба стандартҳои байналмилалии вобаста ба ин самт баҳои мусбӣ дода, изҳори боварӣ намуд, ки Нақшаи мушаххаси тадбирҳои минбаъдаи ҳукумати Тоҷикистон дар самти  мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм таҳия ва қабул шуда, охири моҳи июни соли равон дар ҳамоиши Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм мавриди баррасӣ ва дастгирӣ қарор мегирад.

Барои таъмини самараи бештар аз чунин мубориза густариши ҳамкории сохторҳои Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла мубодилаи доимии таҷрибаю иттилоот, кўмакҳои техникӣ ва омўзишу бозомўзии мутахассисон зарур шумурда шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...